Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз макони бар асари заминларза аз ҳама бештар осебдидаи ноҳияи Тавилдара боздид кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз хукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ҷараёни боздид сарвари давлат бо оқибатҳои заминларза аз наздик ошно гардида, бо аҳолии маҳаллӣ мулоқот кард.
Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки ҳукумати кишвар барои расонидани кӯмак ба аҳолии аз офати табиӣ осебдидаи ноҳияҳои водии Рашт чораҳои таъҷилӣ хоҳад андешид.
«Мутобиқи маълумоти ба сарвари давлат пешниҳодшуда, бар асари заминларза дар ноҳияи Тавилдара 105 манзили зист пурра ва боз 155 хонаи истиқоматӣ қисман хароб шудаанд», – гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ хабар дода буд, ки дар ноҳияи Тавилдара бар асари заминларза ба беш аз 100 манзили зисти сокинони маҳаллӣ зарар расонида шуда, 50 манзили зист пурра хароб гардидаанд.
Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи якшанбе соати 4:28 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза рух дод, ки маркази он дар 152 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва 20 километрии ҷанубу шарқи ноҳияи Рашт воқеъ буд.
Дар марказ қувваи заминларза 6-7 балл, дар шаҳри Душанбе – 4, шаҳраки Ғарм – 6 ва дар шаҳри Хоруғ 3-4 баллро ташкил додааст. Бар асари заминларза сокини деҳаи Тандовчии ҷамоати Самсолиқи ноҳияи Нуробод зери девори манзили худ монда, ба ҳалокат расид.