spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Анҷоми сафари кории сарвазир ба вилояти Суғд


Санаи 13 майи соли равон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ба вилояти Суғд сафари корӣ доир намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар ҷараёни сафар нахуствазир бо вазъи иншооти хоҷагидорӣ, роҳу нақбҳо дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд ва ҳамчунин фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатӣ дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ аз наздик ошно гардид.

Зимни шиносоӣ бо рафти корҳи сохтмонӣ дар нақби Шаҳристон Оқилов таъкид намуд, ки таваҷҷӯҳи асосӣ ба сифати корҳо равона карда шавад ва он  бояд ҳам аз ҷиҳати роҳсозӣ, равшанӣ ва ҳам дигар талаботҳои меъёрҳои  ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад. Сохтмони нақб бояд дар мӯҳлати муқарраргашта  ба анҷом расонида шавад.

Зикр кардан зарур аст, ки  ҳангоми сафари мазкур аз  вазъи нақби Истиқлол ва ҳам  ҷараёни корҳои сохтмониву истеҳсолии КМ «Комбинати маъдантозакунии Анзоб»-и ноҳияи Айнӣ ошно гашт.

Нахуствазир ҳамчунин аз ҷараёни азнавсозии иншооти ҷашнӣ-варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан боздид ба амал оварда, нисбати вусъати корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳо доданд.

Бо пешниҳоди Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон соли равон расман ба истифода додани шоҳроҳи Душанбе-Шаҳристон-Хуҷанд-Чаноқ дар шаҳри бостонии Истаравшан таҷлил мегардад. Ба ин муносибат бо маблағгузории  ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ  варзишгоҳи марказии шаҳр тармиму таъмир гардида, барои 20 ҳазор нафар тамошобин омода карда мешавад.

Рӯзи дуюми сафари корӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов  ҳамроҳи Раиси вилоят Қоҳир Расулзода бо фаъолияти комбинати фулузоти нодири Ленинобод дар шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Қайроқум шинос гардиданд. Комбинати  мазкур бо истеҳсоли    омехтаҳои  маъдани оҳан машғул буда, дар ояндаи наздик дар назар аст, ки бо вусъати истеҳсолот  ҷойҳои кориро то ба 400 адад расонад. Алҳол ин ҷо барои  таъсиси коргоҳи нави коркарди реги квартсӣ  замина мегузорад. 

Дар идомаи сафар ҳайъат аз рафти фаъолияти фабрикаи ресандагии «Олимтекстайлз»-и ноҳияи Мастчоҳ дидан намуд.

Худи ҳамон рӯз меҳмонон бо фаъолияти ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой дар шаҳраки Зарнисор ошно гаштанд.

Ҳангоми  мулоқот бо роҳбарияти  коргоҳи мазкур Сарвазири кишвар нисбати таъминоти корхона бо нерӯи барқ,  зиёд намудани ҷойҳои корӣ, сохтмони корхонаи металлургӣ барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз маъданҳои Зарнисор  муҳокима карда шуд.

Дар идомаи сафар  Сарвазири кишвар Оқил Оқилов бо фаъолияти ҶДММ «Суғдсемент» дар ҷамоати деҳоти Мастчоҳ шинос шуд. Коргоҳи мазкур  бо технологияи муосир истеҳсоли сементро роҳандозӣ намудаву феълан корҳои насбу танзими таҳизот идома дорад.

Сарвазири кишвар Оқил Оқилов аз рафти корҳои азнавсозӣ ва сохтмони чойхонаи миллӣ дар муассисаи давлатии «Қасри фарҳанги Арбоб» ва дигар иншоотҳои ҷашнии шаҳри Хуҷанд боздид ба амал овард.

Сипас Сарвазир Оқил Оқилов ва  Раиси вилоят Қоҳир Расулзода аз маҷмаи гулгашт ва  қаторсутунҳои соҳили дарёи Сир, ки ба тозагӣ сохта шуда, дар он нимпайкараҳои фарзандони фарзонаи миллати куҳанбунёд: академик Бобоҷон Fафуров, адибону олимони машҳури тоҷик Маҳастии Хуҷандӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Деваштич ва Томирис гузошта шуда, дидан намуданд.

Сипас  ҳайъати меҳмонон бо  сохтмони ҷашнӣ дар  Қасри таърихии Арбоб ошно шуданд. Корҳои таъмир ба муносибати 20 солагии Иҷлосияи XYI Шӯрои Олӣ, ки дар ин бино баргузор гашта буд бо суръат идома дорад. Сарвазир Оқил Оқилов  ва Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба корҳои ободонӣ ва азнавбарқароркунии Қасри Арбоб таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.  Қасри Арбоб соли 1951 бо роҳбарии раиси хоҷагӣ Саидхоҷа Ӯрунхӯҷаев оғоз гардида, дар давоми шаш сол бо заҳмати меҳнаткашони хоҷагӣ ва устоҳои деҳаҳои гирду атроф бунёд гардида, соли 1957 ба истифода дода шудааст.

Ин қасри бошукӯҳ давоми 55 сол бе таъмири капиталӣ барои мардум хизмат намуд. Дар ояндаи наздик, дар саҳни Қасри Арбоб барои истироҳат ва фароғати тамоми мардуми ҷумҳурӣ як ҷои муқаддас бунёд карда хоҳад шуд. Азнавбарқароркунии гулгаштҳо, маҷмааи фаввораҳо, саҳна ва даруни Қасри Арбоб бо суръат ҷараён дорад. Ҳамчунин меҳмонон аз рафти сохтмони «Чойхонаи миллӣ», ки сохтмонаш моҳи сентябри соли гузашта оғоз гашта буд, дидан намуданд. 

Сафари Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Оқил Оқилов аз вилояти Суғд анҷом пазируфт  ва ҳайъати меҳмонон  ба пойтахт баргашт. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...