Дар ҷаласаи имрӯзаи иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ даъвати чорум вакилони парлумон бидуни баррасӣ тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумат ба Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии ҶТ барои соли 2012»-ро маъқул шумориданд.
Зимни суханронӣ оид ба ин масъала дар назди вакилон муовини вазири молияи кишвар Руҳулло Ҳакимов изҳор кард, ки мутобиқи тағйироти пешниҳодшуда, ҶДММ «Зерновая компания»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд барои воридоти технологияи нави истеҳсоли маснуоти макаронӣ аз Италия аз пардохти андоз аз арзиши изофа ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
«Маблағи умумии қарордод се млн. евроро ташкил дода, ширкат зимни воридоти технологияи нав аз пардохти тақрибан се млн. сомонӣ (ҳудуди 500 ҳазор евро) маблағи андозу боҷ озод карда мешавад», – зикр кард Ҳакимов.
Ба гуфтаи ӯ, хатти истеҳсолоти нав аз Италия ба корхонаи мазкур ба истеҳсоли ду тонна маҳсулоти макаронӣ дар як соат имкон фароҳам менамояд.
Имрӯз вакилон ҳамчунин дархости ҳукумат дар робита ба истифодаи 15%-и воситаҳои махсуси ба буҷет воридшаванда аз Вазорати корҳои хориҷӣ барои сохтмони бинои вазоратро низ дастгирӣ карданд, ки ҳудуди 4 млн. сомониро ташкил медиҳад.