Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ҳамидуллохон Фақеров аз вазифа озод карда шуд.
Бо фармони вазири маорифи кишвар Ҳамидуллохон Фақеров сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе таъин гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод, Ҳ.Фақеров дар ин мансаб Гулнора Бобоеваро иваз намуд. Гулнора Бобоева акнун ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти шаҳрдории пойтахт роҳбарӣ мекунад.