Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба заминларзаи фоҷеабор дар минтақаи шимоли Эрон ба унвони раисҷумҳури ин кишвари дӯсту бародар Маҳмуди Аҳмадинажод барқияи тасаллият ирсол намуд.
Дар барқия аз ҷумла омадааст:
«Бо камоли андӯҳ ва даҳшат хабари заминларзаи фоҷеабори дар шимоли Эрони дӯст рухдодаро, ки мӯҷиби садҳо тан талафоти ҷонӣ ва ҳазорҳо захмӣ гаштааст, дарёфт намудам.
Ба намояндагӣ аз мардуми Тоҷикистон маротиби тасаллият ва ҳамдардии хешро барои қурбониёни ин ҳодиса иброз намуда, барои бозмондагон сабри ҷамил хоҳонам.
Парвардигор дар ин моҳи муборак гузаштагонро бо раҳмату мағфирати хеш фаро гирад ва наздикону азизони бозмондаро нерӯву тавон бибахшад.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиун». Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар музофоти Озарбойҷони Шарқии Эрон ду заминларзаи шадид рух дод, ки бар асари он дастикам 300 нафар ҳалок ва беш аз ду ҳазор нафар ҷароҳат бардоштанд.