Имрӯз таҳти раёсати президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ғайринавбатии ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор шуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар маҷлис масоили омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013 ва дигар масоили ҳалталаб баррасӣ шуд.
Ба иттилои манбаъ, доир ба мавзӯи асосии маҷлис ахбори сарвазири кишвар Оқил Оқилов шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки корҳо барои омода кардани шабакаҳои барқӣ, роҳҳои мошингард ва дигар иншооти зербиноӣ ба мавсими сардмоҳ, фаровон захира кардани ангишт, гази моеъ, дигар анвои сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ тибқи нақшаҳои тасдиқгардида идома доранд.
Сарвари давлат таъкид дошт, ки тамоми нерӯгоҳҳои барқӣ ва дигар иншооти таъмини барқу гармӣ, гази моеъ, ангишт ва шабакаҳои нақлиётӣ бояд ба тирамоҳу зимистон омодагии ҷиддӣ дошта бошанд. Дастур дода шуд, ки корҳои зарурӣ, аз ҷумла захира кардани маводи сӯхту озуқаворӣ барои муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зери назорати доимӣ қарор дошта бошанд.
Зимни баррасии ахбори муовини сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон доир ба ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ ва боғу токзор, аз ҷумла супориш дода шуд, ки барои ҷамъоварии пурра ва беталафи ғалладонагиҳо, ҳосили меваю сабзавот, полезиҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, иҷрои пурраи нақшаи кишти такрорӣ дар заминҳои корами обӣ ва одат кунондани мардум ба фарҳанги волои заминдорӣ чораҳои муассир амалӣ карда шаванд.