Бо фармонҳои вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Абдураҳмонов консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбули Туркия ва Ҷамшед Бобоев консули Тоҷикистон дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон таъин шуданд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, қаблан Илҳом Абдураҳмонов ба ҳайси сардори Раёсати молиявӣ ва Ҷамшед Бобоев ба сифати сардори Раёсати корҳои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ифои вазифа менамуданд.
Зикр гардид, ки рӯзҳои наздик консулҳои навтаъиншуда ба иҷрои вазифаҳои худ шурӯъ мекунанд.