Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Чехия Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Прага ба Қалъаи таърихии Конопиште ташриф овард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Қалъаи Конопиште дар асри 13 аз тарафи епископ Тобиаш бунёд шудааст. Охирин соҳиби қалъа дар аввалҳои асри 20 – ум вориси императори австрия Франтс Фердинанд Эсте буд.
Зимни шиносоӣ ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масоҳати умумии ҳудуди қалъа наздики 225 гектарро ташкил дода, аз боғи дарахтону буттаҳои нодир, боғи садбарг бо муҷассамаҳо иборат аст ва он аз ёдгориҳои қадима, таърихӣ ва фарҳангии Чехия маҳсуб меёбад. Масоҳати бинои дохили қалъа 2800 метри мураббаъ буда, аз 125 толору ҳуҷраҳои гуногунҳаҷм иборат аст.
Дар Қалъаи Конопиште 4600 адад силоҳи гуногун ва лавозимоти ҷангии давраи асри 18 нигоҳ дошта шудааст. Инчунин 30 ҳазор адад асбобҳои рузгордории антиқа ҷамъ оварда шудааст. Дар маҷмуъ дар Конопиште беш аз 100 ҳазор нигораҳои нодир аз сайдҳои шикоршуда, зарфу асбобҳои хоҷагӣ, китобу дастхатҳо маҳфуз аст.
Боғи зебои англисӣ, колексияи ашёҳои фарфорӣ, оинабандии толорҳо, ашёҳои гуногун, мизу курсиҳо, аксу мусаввараҳои гаронбаҳо ва нигораҳои нодиру қимматбаҳои аслиҳаи шикории асримиёнагӣ дар ҳудуди Аврупо ва лавозимоти шикорӣ ба Қалъаи Конопиште шуҳрати таърихӣ овардааст ва он то имрӯз ҳамчун қалъаи нодир маҳсуб меёбад.
Баъди тамошои Қалъаи Конопиште бо нишони эҳтиром ба таъриху тамаддуни халқи чех Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони олиқадр соядаст гузошт.