Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар идомаи тантанаҳои ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ рӯзи 23 март ба вилояти Суғд ташриф овард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, рӯзи аввали сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави таълимии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14-и деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз гардид.
Сипас Пешвои миллат дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Атласи Хуҷанд» шинос шуда, ба масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва вазорату идораҳои дахлдори кишвар супориш дод, ки корхонаи мазкур ба пуррагӣ бо ашёи хом таъмин карда шавад, зеро дар ҳоли дасрасии пурра ба абрешим ҳаҷми маҳсулот зиёд гардида, дар ин замина ҷойҳои нави корӣ низ таъсис меёбанд.
Дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хучанд як бинои 9-ошёнаи истиқоматиро бо марказҳои савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба даҳ нафар аз оилаҳои маъюб калиди хонаҳои истиқоматиро тақдим намуд.
Субҳи рӯзи 24 март Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳим ба шаҳри Исфара ташриф оварда, нахуст фаъолияти корхонаи тозабунёди коркарди меваи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Баракат Исфара" оғози расмӣ бахшид.
Баъдан Сарвари давлат дар маркази ин шаҳри бостонӣ дар маросими баъд аз таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ ширкат варзид.
Дар шаҳри Исфара Президенти Тоҷикистон бо рафти корҳои азнавсозӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Осоишгоҳи “Зумрад” шинос шуда, барои бунёди меҳмонхонаи нави осоишгоҳи “Зумрад” санги асос гузошт.
Шоми рӯзи 24 март дар шаҳри Гулистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуд, ки дар он вазъи иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд, рафти корҳои ободонию созандагӣ, кишту кори баҳорӣ ва кишти такрорӣ, ташкили корхонаҳои нави саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, бартараф кардани камбудию мушкилоти ҷойдошта мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Дар рӯзи сеюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии ба номи Турсунбой Қӯшатови Ҷамоати деҳоти «Исмоил»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҷараёни корҳои кишти пахта оғоз бахшид.