Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросон ташриф оварда, нахуст аз Боғи намунавии интенсивии ба номи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” боздид кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, боғи мазкур аз тарафи Президенти мамлакат моҳи феврали соли гузашта дар майдони 160 гектар дар ҳудуди Хоҷагии фермерии “Асадулло” бунёд шуда, бо таъсиси боғи нав беш аз 300 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гардиданд.
Дар ин хоҷагӣ бо ҳидояту маслиҳатҳои муфиди Президенти мамлакат беш аз 10 намуди ангур ва дар ҳазорҳо гектар навъҳои содиротии себ, нок, зардолу, шафтолу, гелос, олу, олуболу, олуча, чормағз, бодом, анҷир, анор, тут, писта, биҳӣ, челон ва лиму ва дарахтони сояафкану ороишӣ шинонда шудааст.
Хоҷагии фермерии “Асадулло” бисёрсоҳа буда, бо дастури Сарвари давлат дар ин ҷо парвариши чорво ба роҳ монда шудааст ва кишти зироатҳои гуногуни гандум, ҷав, наску нахуд, зағер, кунҷит, мушунг, картошка, каду ва полезиҳо барои рушди ин соҳа имкони хубро фароҳам овардааст.
Сарвари давлат ҳангоми суҳбат бо хоҷагидорон дастур доданд, ки ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода баранд. Бино ба таъкиди Президенти мамлакат дар ноҳияи Хуросон имкон фароҳам аст, ки ба хориҷи кишвар ба ғайр аз меваю сабзавоти тару тоза ва хуштамъ, инчунин маҳсулоти консервашуда содирот гардад. Аз ин хотир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар ҳудуди ноҳия корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ташкил карда шавад.