Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Боғи Ғалаба ба муносибати 73-юмин солгарди ҷашни Рӯзи Ғалаба бар фашизм назди гулхани абадӣ ба поси хотири шаҳидони роҳи ғалаба гулчанбарҳо гузоштанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба муносибати рӯзи ғалаба инчунин гулчанбарҳо аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Ҳукумати Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати мудофиа ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон, собиқадорони ҷангу меҳнат, Сафорат ва Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, гузошта шуд.
Хотираи неки шаҳидони роҳи озодӣ бо дақиқаи хомӯшӣ пос дошта шуд. Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба дар Боғи ғалабаи пойтахт бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе анҷом ёфт.