Шоми 28 августи соли равон Президени Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон», ки баъди навсозӣ ба як макони дилфиреби сайру тамошо табдил ёфтааст, иштирок намуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, корҳои навсозӣ дар боғ моҳи ноябри соли 2017 оғоз гардида, бо назардошти талаботи замони муосир дар ҳудуди иншооти мазкур ниҳоли дарахтони нодири сояафкан, ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонида шуданд ва девору роҳравҳо сафолакпӯшу соҳили кӯлу атрофи боғ пурра навсозӣ гардиданд.
Гуфта мешавад, ҳудуди боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» 3,5 гектарро ташкил дода, дар ҷараёни корҳои навсозӣ зиёда аз 15 ҳазор метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш ва 18 ҳазор метри муррабаъ майсазор гардонида шудааст. Барои чароғонкунии боғ бошад 267 сутунпояи аз 3 то 12-метра насб карда шудаанд.
Барои сарсабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» зиёда аз 500 бех дарахтони нодири сояафкану ороишӣ шинонидаанд. Се навъи гулҳои мавсимӣ, дар маҷмуъ зиёда аз 400 ҳазор бех муҳити боғ ро зебою назаррабо гардонидаанд.
Як фавораи бузурги бо мусиқӣ танзимшаванда ва ду фавораи хурди боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» бо рӯшноии чароғҳои ранга муҳити атрофро ҷаззоб месозанд. Дар боғ таваққуфгоҳ барои 70 автомашина ва бинои нави маъмурӣ низ сохта шудааст.
Барои истироҳати сокинону меҳмонон дар ин боғ 70 адад курсиҳои гуногун, гӯшаи алоҳидаи табиати кишвар ва олами вуҳуш ташкил карда шуда, ҳайкалчаҳои қаҳрамонони афсонаҳо ва ҳайвонот ҳудуди иншооти мазкурро диққатҷалбкунанда намудаанд.
Дар боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» майдонча барои бозии кӯдакону наврасон бунёд ва барои машқҳои шиноварию сайёҳат дар об 20 қаиқи замонавӣ дастрас карда шудааст.
Зикр мегардад, ки боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» ҳанӯз соли 1940 бунёд ёфта, бо гузашти солҳо ин мавзеъ, атраксионҳо ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти дилхушии кӯдакон корношоям гардида, ба навсозии пурра эҳтиёҷ доштанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.