Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 9 сентябр дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ” – и пойтахт баргузор гардид, иштирок кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ дар ин маросим, Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки “боиси хушҳолист, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ симои пойтахти давлати тоҷикон – шаҳри Душанбе ба куллӣ дигаргун шуда, дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорону тоҷирони бонангу номуси он амалҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд”.
Президент мутмаин аст, ки таъсиси корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, марказҳои варзишӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо ва инфрасохтори хизматрасонӣ ҳоло боиси рушди босуръати пойтахти маҳбубамон гардида истодаанд.
“Бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир бунёд гардидани иншооту биноҳо, боғу гулгаштҳои замонавӣ ва таҷдиду азнавсозии хиёбону кӯчаҳо ба шаҳри Душанбе ҳусни тоза бахшидааст”, – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлат итминони комил изҳор намуд, ки сокинони шаҳри Душанбе минбаъд низ бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандорӣ корҳои ободониро дар пойтахти азизамон вусъати бештар бахшида, шаҳри Душанберо ба макони воқеан биҳиштосо, шаҳри зебову пешрафта табдил медиҳанд ва собит месозанд, ки тоҷикон дар тӯли таърихи худ мардуми шаҳрсозу шаҳрдору шаҳрнишин буданд.
“Ман ба азму иродаи ватандӯстона ва қудрати созандаи мардуми шарифи кишвар ва сокинони соҳибмаърифату сарбаланди пойтахт эътимоди комил дорам, – изҳор дошт Президенти Тоҷикистон. – Ва хуб медонам, ки онҳо ба хотири ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, пешрафти давлат, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ минбаъд низ сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд”.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.