Дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба беш аз 100 нафар мутахассисони касбу кори гуногуни арсаи нангу номус мукофотҳои давлатӣ супорид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сарвари давлат изҳор намуд, ки Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” иншооти муҳиму стратегии кишвар ба ҳисоб меравад, аз ин ру роҳбарияти олии кишвар ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузург дар қаламрави кишварамон ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар намуд.
Гуфта мешавад, барои дастовардҳои баланди истеҳсолӣ, фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда дар бунёди Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” 2 нафар бо Ордени “Шараф дараҷаи 2”, 53 нафар бо Медали “Хизмати шоиста” ва 48 нафар бо “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардиданд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки бунёди пурраи ин кохи нур роҳи асосии ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил шудани Тоҷикистон буда, омили муҳимтарини таконбахши иқтисодиёти миллӣ, афзоиш ёфтани иқтидори содиротии кишвар ва муҳимтар аз ҳама, боиси таъмин намудани сатҳи шоистаи зиндагии сокинони мамлакат мегардад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.