Бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз дар кӯчаи Борбади ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 мавриди истифода қарор гирифт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, иншооти таълимӣ барои 1260 нафар дар ду баст пешбинӣ шуда, арзиши умумии харҷномавии мактаби рақами 99 дар маҷмӯъ зиёда аз 14 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, шароити таълим дар Муассиса бо назардошти талаботи замон фароҳам оварда шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар бинои мактаб моҳи апрели соли 2018 оғоз гардида, қабл аз муҳлат ба анҷом расонида шуд. Дар гузашта ин муассисаи таълимӣ хонандагонро то синфи 4 ба таҳсил фаро мегирифт.
Зикр мегардад, ки бинои замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 аз 3 ошёна иборат буда, дар маҷмӯъ дорои 27 синфхонаи бо аёнияти хониш муҷаҳҳаз мебошад. Иншоот бо системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст буда, камераҳои назоратӣ дар ҳар як ошёна ва атрофи он насб карда шудаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.