Сафари кории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии Суғд идома дорад. Сарвари давлат то 3 апрел дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ қарор хоҳад дошт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парчамҳои нави давлатӣ барафрохта шуданд, ки баландии пояи онҳо 50 метрро ташкил медиҳад.
Дар шаҳри Гулистон Сарвари давлат ба фаъолияти боғчаи бачагона ва корхонаи истеҳсоли арматураи “Маҳмуд ва Компания”, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба оғози кори беморхонаи ноҳиявӣ ва бинои Қасри фарҳанг, Мактаби мусиқӣ, Маҳфили ҳунармандӣ барои ҷавонон ҳусни оғоз бахшид.
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар ноҳияи Спитамен қарор дошта, дар маросими ба истифода додани майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар маркази ноҳияи мазкур иштирок кард.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.