Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз аз лоиҳаи қонун «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ намуданд.
Дар лоиҳаи қонун узвияти аъзои аҳзоби сиёсӣ дар ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) манъ мешавад. Имрӯз қариб тамоми ҳизбҳои сиёсии кишвар дар ҳайати Комиссия намояндагони худро доранд.
Ғайр аз ин, мувофиқи меъёрҳои лоиҳаи қонуни мазкур, аъзои ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ҳамчунин наметавонанд ба ҳайати комиссияи интихоботии ҳавзаҳо шомил шаванд, лекин агар дохил шаванд, пас уҳдадор мешаванд, ки узвияти худро дар сафҳои аҳзоби сиёсӣ боздоранд.
Ба ақидаи вакили парлумон Ҷаббор Аҳмедов, лоиҳаи қонун ҳуқуқҳои ҳизбҳои сиёсиро дар интихоботи ҳама гуна сатҳҳо баробар мекунад.
Қобили зикр аст, ки баҳори соли 2020 дар Тоҷикистон маъракаи интихоботи парлумонӣ ва тирамоҳи соли оянда – интихоботи президентӣ доир мегарданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.