Дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба водии Рашт Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти нав ба ноҳияи Тоҷикобод ташриф овард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ноҳия нахуст дар ҳузури президенти мамлакат бинои нави маъмурии Шабакаҳои барқи ноҳия мавриди истифода қарор гирифт.
Иншооти мазкур дар доираи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, аз 2 ошёна иборат мебошад. Масоҳати умумии замини барои сохтмони иншоот ҷудогардида 60 садякро ташкил дода, худи бино дар майдони 5 садяк сохта шудааст. Аз ҷониби Президент ба кормандони Шабакаҳои барқи ноҳия 2 автомашинаи хизматӣ вобаста ба релефи минтақа тақдим гардид.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Тоҷикобод ҳамчунин Майдони Парчам ва Нишони давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар масоҳати умумии 1,30 гектар бунёд гардида, баландии Парчам 35 метрро ташкил дода, дарозӣ ва паҳноии матои он 10 ба 5 метр мебошад. Пояи Нишони давлатӣ 18 метрро ташкил медиҳад.
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон аз рафти баргузории намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан карда, бо нашъунамои зироатҳо дар Хоҷагии деҳқонии «Қалъа» шинос шуд. Дар намоишгоҳ намунаи маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла олучаву гелос, тут, тути заминӣ, қулфинай ва навъҳои пешпазаки зардолуба маърази тамошо гузошта шуданд.
Зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Тоҷикобод Президенти мамлакат изҳор намуд, ки дар давоми қариб 28 соли истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дастгирии буҷети ноҳияи Тоҷикобод беш аз 500 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида, дар се соли оянда бо ин мақсад қариб 100 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Дар мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳияи Тоҷикобод Сарвари давлат зикр кард, ки то имрӯз дар ҳудуди ноҳия 9 лоиҳа ба маблағи 250 миллион сомонӣ ба анҷом расида, ҳоло татбиқи 4 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 13 миллион сомонӣ идома дорад.
Баъдан сафари кории Эмомалӣ Раҳмон бо ташриф ба ноҳияи Лахш идома ёфта, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдат аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва чорабинии фарҳангӣ дидан намуд. Дар намоишгоҳ занону духтарони ҳунарманд, оҳангарону табақтарошон, нонпазони моҳир аз 10 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок карда, маҳсули ҳунари худро пешниҳод намуданд.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сарталои ноҳия бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавӣ ва инфиродӣ, ки дар ин минтақа зиёда аз 250 гектар заминҳои бекорхобидаро обёрӣ намуда, ба гардиши кишоварзӣ ворид кардаанд, шинос шуд.
Ҳамчунин дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш Сарвари давлат бо фаъолияти коргоҳи дӯзандагии “Сумая” шинос шуд. Коргоҳи мазкур соли 2017 таъсис ёфта, то имрӯз 30 нафар сокинони маҳаллӣ, аз ҷумла 25 нафар зани хонанишин ва як маъюбро соҳиби кор кардааст. оргоҳи дӯзандагӣ пурра мактабҳои ноҳияро бо сару либоси мактабӣ таъмин менамояд.
Зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Лахш Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки барои рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Лахш то ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 750 миллион сомонӣ маблағ равона шудааст.
Дар маркази шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Муҷассамаи аввалин асосгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Нишони давлатиро ифтитоҳ кард. Дар майдони марказии ноҳия дар баробари муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ мардуми ноҳияи Лахш тавассути ҳашар Нишони давлатиро бо баландии 14 метр сохта мавриди баҳрабардорӣ омода карданд.
Дар мулоқот бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Лахш Президенти мамлакат изҳор намуд, ки ҳоло раванди амалисозии Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Лахш барои солҳои 2018-2020 идома дорад, ки дар доираи он 140 лоиҳа пешбинӣ шудааст ва иҷрои он зери назорати Дастгоҳи иҷроияи Президент қарор дорад.