Дар шаҳри Минск рӯзи 30 июн мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Беларус ва Россия Эмомалӣ Раҳмон, Александр Лукашенко ва Владимир Путин доир гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва дар ҷаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла ИДМ, СААД ва ғайра, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба Александр Лукашенко ва ҳукумати ин кишвар барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани Бозиҳои дуюми аврупоӣ, ки шоми рӯзи 30 июн ҷамъбаст гардид, баҳои баланд доданд.
Дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Минск бо даъвати Президенти Беларус Александр Лукашенко Президенти Тоҷикистон дар маросими пӯшидашавии Бозиҳои дуюми аврупоӣ дар Варзишгоҳи милии олимпии «Динамо» иштирок кард.
Қобили зикр аст, ки Бозиҳои аврупоӣ маҷмӯи мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ байни варзишгарони кишварҳои аврупоӣ буда, дар чор сол як маротиба гузаронида мешавад.
Ҳамчунин санаи 30 июн Эмомалӣ Раҳмон аз ҶСК Комбинати кишоварзии «Дзержинский» боздид ба амал оварда, бо фаъолияти он шинос шуд. Комбинат яке аз коргоҳҳои бисёрсоҳа ва калонтарини саноатии Беларус буда, парвариши чорво, парранда, истеҳсоли маҳсулотҳои гуногуни гӯштию ширии чорво, гӯшти мурғ, ҳасибҳо, тухм, дар маҷмӯъ беш аз 80 намуди маҳсулотро ба роҳ мондааст.
Гуфта мешавад, давоми фаъолияти чилсола ширкат бо насби технологияи навтарин ва ҷорӣ кардани усулҳои муосири истеҳсолу гӯшту шир дар бозори кишвар мақоми хоса дорад. Яке аз дастовардҳои асосии корхона дар баробари истеҳсолот назорат ва таъмини сифати мавод, таъсиси марказҳои фурӯши маҳсулоти истеҳсоли худӣ, интиқоли он ба гӯшаҳои гуногуни Беларус мебошад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.