Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум санаи 15 июл дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт баргузор мешавад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, мувофиқи қарори баимзорасидаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ин робита, дар рӯзномаи маҷлис баррасии масъалаҳои иҷрои корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон дар пойтахт, рушди минбаъдаи иқтисоди шаҳр дар назар дошта шудааст.
Гуфта мешавад, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаи саноат, бахусус бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва дар ин замина баланд бардоштани иқтидори содиротии шаҳр ва ташкили ҷойҳои нави корӣ низ баррасӣ мешаванд.
Дар қарор аз вз вакилон дархост шудааст, ки то санаи 10 июл дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум таклифҳои мушаххасро пешниҳод намоянд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.