spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Даъвати Рустами Эмомалӣ ба дастгирии соҳибкорони ватанӣ

Дар Душанбе рӯзи 15 июл иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе доир гардида, дар он ҳисоботи муовини раиси пойтхт дар бораи рушди соҳаи саноат шунида шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, аз ҷумла дар бораи таъсиси корхонаҳо ва коргоҳҳои нави истеҳсолӣ сухан рафт.

“Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулин ва ниҳодҳои дахлдорро ба масъалаи ба кор андохтани корхонаҳои хусусигардонидашуда ва аз фаъолият бозмонда инчунин пешгирии ҳолатҳои барҳамхӯрии корхонаҳои истеҳсолӣ, зиёд намудани номгӯй ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти баландсифат ва рақобатпазир бо роҳи таъсиси хатҳои нави истеҳсолӣ ҷалб намуда, таъкид кард, ки барои ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагони маҳсулоти ватанӣ, таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҳарчӣ зудтар оғоз намудани корҳои сохтмонии корхонаҳои истеҳсолии банақшагирифташуда  тадбирҳои заруриро ба роҳ монанд”, – омадааст дар маълумот.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аввалин манзили дастрас дар Душанбе моҳи сентябри соли 2019 ба истифода дода мешавад

Раиси пойтаът таъкид дошт, ки бобати вусъати корҳои сохтмонӣ дар бунёди корхонаҳои нави истеҳсолии саноатӣ, пайваст намудани бинову иншоот бо хаттҳои гармидиҳӣ, беҳтар намудани сифати таъмини биноҳои бисёрошёна бо об чораҳои бетаъхир андешида шавад.

Рустами Эмомалӣ ҳамчунин аз афзоиши ҳодисаҳои даст ба қонуншиканӣ задани ноболиғон ва ҷавонон ва пошхӯрии оилаҳои ҷавон нигаронӣ изҳор намуда, ба сохторҳои марбута ва шахсони масъул дастур дод, ки ин масъалаҳоро мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода, барои бартараф кардани камбуду норасоиҳо дар ин самтҳо тадбирҳои зарурӣ рӯйи кор гиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...