spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Вазифаи роҳбари Хадамоти зиддиинҳисорӣ холӣ боқӣ мемонад

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 22 июл Икромиддин Сироҷиддин Вализода аз вазифаи сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” озод шуд.

Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ӯ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон таъин шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Айни замон вазифаи роҳбари Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон алҳол холӣ боқӣ мемонад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Хадамоти зиддиинҳисорӣ сабабҳои болоравии тарифҳоро ба нерӯи барқ шарҳ дод

Икромиддин Вализода ҳамагӣ се моҳ пеш – 23 апрели соли 2019 роҳбари Хадамоти зиддинҳисорӣ таъин шуда буд, дарҳол вақте ки ин хадамот ташаббускори боло бурдани тарифҳои интернет гардида буд, ки миёни аҳолии кишвар сарусадоҳои зиёд ба бор оварда буд.

То ин таъинот Вализода вазифаи муовини директори Агентии “Тоҷикстандарт”-ро ишғол мекард. Дар ин вазифа ӯ Саъдӣ Қодирзодаро иваз намуд, ки муовини раиси Дастгоҳи иҷроияи президент таъин шуд.

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон моҳи апрел зери танқиди шадиди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт. Хадамот бо қарори худ аз 4 марти соли 2019 ширкатҳои алоқаи мобилиро уҳдадор намуд, ки нархи 1 Мб интернетро на камтар аз 5 дирам бе назардошти аксизу андоз муқаррар намоянд.

Корбарон бештар аз он дар таҷҷуб буданд, ки маҳз сохторе, ки бояд ҳуқуқҳои истеъмолгаронро ҳимоя карда, ҷорӣ шудану болоравии ҳар гуна пардохтҳоро пешгирӣ кунад, ташаббускори ин иқдом аст.

Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров низ он замон амали ин сохторро шадидан мавриди интиқод қарор дод.

“Шумо бо қарори бемулоҳизаи худ муддати як моҳ Тоҷикистонро “қаҳрамони асосӣ"-и ВАО-и ҷаҳон карда, сарвари давлатро дар вазъи ногувор гузоштед”, – иброз дошт ӯ.

Бино ба гуфтаи Зуҳуров, пеш аз боло бурдани нарх ба ин ё он хизматрасониҳо, “бахусус дар бахши иҷтимоӣ”, вазорату идораҳои кишварро зарур аст, ки чуқуру мулоҳизакорона андеша ронанд.

“Вақте ки Тоҷикистон давлати рушдёфтаву доро шуда, аҳолиаш бе мушкилӣ зиндагӣ дошта бошад, пас метавон бепоён нархҳоро боло бурд, лекин айни замон мо чунин имкон надорем”, – илова намуд раиси палата поёнии парлумон.

Ин қарори пурсарсадов а пурмоҷарои Хадамоти зиддинҳисорӣ санаи 24 апрел маҳз аз ҷониби Икромиддин Вализода бекор шуд.

Маълумотнома

Вализода Икромиддин Сироҷиддин 10 октябри соли 1974 дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ. Соли 1998 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро рўзона бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1992 дар ҷамъияти матлуботи шаҳри Қӯрғонтеппа ба ҳайси фурушандаи мағозаи «Умед» оғоз намуда, аз моҳи январ то июли соли 1994 мудири Шуъбаи комиссионии шаҳри Қурғонтеппа, солҳои 1994-1995 – Таъминотчии базаи яклухти савдои вилояти Хатлон, солҳои 1995-1998 Мудири маркази савдои Наврузӣ ҷамъияти матбуоти шаҳри Қурғонтеппа, солҳои 1998-2000 Муовини директори генералии Комбинати орди назди Вазорати ғалла дар шаҳри Қӯрғонтеппа, солҳои 2000-2002 Директори генералии Комбинати орд дар шаҳри Қӯрғонтеппа, солҳои 2002-2005 Директори генералии ҶДММ «Орди Хатлон», солҳои 2005-20010 Директори генералии Ресандаи Хатлон, солҳои 2010-2011 сардори Шӯъбаи нозироти савдои Маркази стандартизасия метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Хатлон, солҳои 2011-2015 Директори Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Хатлон, солҳои 2015-2019 муовини Директори Агентии стандартизасия метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстандарт фаъолият намудааст.

Моҳи апрели соли 2019 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансаби Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон кор мекард. Оиладор соҳиби 5 фарзанд мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...