spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Президент ба фаъолияти як қатор иншоот дар Балҷувон ҳусни оғоз бахшид

Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ, ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун, оғози корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигар ва мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳаи Калтачанор хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор дод. Оби нӯшокӣ дар ин мавзеъ тариқи кандани чоҳи амудӣ аз чуқурии 60 метр ба воситаи насосҳои махсуси обкашӣ бароварда шуд ва аз он 4 ҳазор нафар аҳолии деҳаҳои Охбулоқи 1, Охбулоқи 2 ва деҳаи Солмолидашти ноҳия истифода хоҳанд бурд.

Сипас дар ҳамин деҳа бо ҳузури сарвари давлат, коргоҳи коркарди сангҳои маҳаллии ширкати «Элегант-Балҷувон» ифтитоҳ шуд. Ширкат бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардонда шуда, бо истифода аз он сангҳои маҳаллӣ коркард карда мешаванд. Дар коргоҳи «Элегант-Балҷувон» коркарди сангҳои табиии маҳаллӣ, аз ҷумла, санги хоро, мармар ва ғайра ба роҳ монда мешавад.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалингро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Масофаи роҳ қариб 43 километрро ташкил дода, паҳноии он 7 метр мебошад. Роҳи автомобилгард имрӯз пурра асфалтпӯш карда шуда, бо саҳми Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои гранти Бонки Осиёии Рушд сохта шудааст.

Ҳамчунин бо ҳузури сарвари давлат дар маркази ноҳияи Балҷувон  гулгашти муосир ба истифода дода шуд, ки дарозӣ ва паҳноии он 450 ба 20 метр мебошад. Тамоми роҳрав ва гузаргоҳҳои макони истироҳатӣ сафолакпӯш гардида, дар дохил ва атрофи он  88 чароғаки муосир ва 24 нишастгоҳи замонавӣ насб гардидаанд.

Президенти Тоҷикистон ҳамчунин зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон, дар шафати гулгашти марказии ноҳия бинои маъмурии бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистонро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод.

Бинои бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар масоҳати 513 метри мураббаъ доман паҳн карда, дар он ҳамчунин сохторҳои таркибии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, аз ҷумла филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ва бахши Хадамоти муҳоҷирати ноҳия ҷойгир мебошанд.

Бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон маркази хизматрасонии «Гулдастон» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Коргоҳи мазкур аз ду ошёна ва утоқҳои корӣ иборат аст. Масоҳати қитъаи замини ҷудогардида 8 садякро ташкил дода, худи бино дар масоҳати 290 метри мураббаъ аз ҷониби соҳибкори ҷавон Насимҷон Сатторов сохта шудааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Идомаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт: Тоҷикободу Лахш

Дар ноҳияи Балҷувон бо иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бинои навбунёди боғчаи кӯдакон, ки дар заминаи кӯдакистони рақами 1-и ноҳия  сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Муассисаи томактабӣ барои 100 кӯдак пешбинӣ гардида, он аз ду ошёна иборат мебошад. Ошёнаи якуми бино аз утоқҳои машғулиятгузаронӣ, хобгоҳ, бунгоҳи тиббӣ иборат буда, қабати дуюм аз синфхонаҳо, утоқи роҳбарият, машваратгоҳ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Корҳои сохтмонии бинои кӯдакистон моҳи марти соли ҷорӣ оғоз гардида, он дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба истифода  дода шуд. Масоҳати умумии бино 535 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 бинои нави хобгоҳ мавриди истифода қарор дода шуд. Бинои хобгоҳи тозабунёд 4-ошёна буда, дорои 36 ҳуҷра ва 450 кати хоб мебошад, ки ҳамаи ҳуҷраҳои он дорои шароити заруриянд.

Масоҳати умумии иншоот 76 садяк заминро ташкил намуда, худи бино дар ҳудуди 753 метри мураббаъ бо риояи қоидаҳои сохтмонӣ аз ҷониби мутахассисони корозмуда дар муҳлати муайян қомат афрохт. Дар мактаби рақами 1 зиёда аз 390 нафар тарбиятгиранда бо шумули 3 нафар ятим, 31 нимятим ва боқимонда фарзандони оилаҳои ниёзманд аз деҳаҳои дурдаст ба таълиму тарбияи ҳамаҷониба фаро гирифта шудаанд.

Дар ноҳияи Балҷувон Сарвари давлат бо бардоштани парда аз болои лавҳаи рамзӣ толори кушоду барҳавои варзиширо, ки аз тарафи соҳибкорони ватанпарвари ноҳия сохта шудааст, ба варзишгарону сокинони ин минтақаи дурдаст тақдим намуд.

Корҳои бунёдӣ дар ин иншооти варзишӣ моҳи июни соли 2017 оғоз гардида, дар муҳлати беш аз 2 сол бо ҷалби қариб 50 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ мутобиқи талаботи замони имрӯза ба итмом расиданд. Иншоот аз 2 ошёна иборат буда, дорои толори машқу тамрин бо масоҳати 690 метри мураббаъ, утоқҳои корӣ, ҷойи либосивазкунӣ ва дигар шароити тамрин мебошад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...