Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон сокинони маҳаллӣ ба президенти Тоҷикистон расмеро туҳфа карданд, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон дар бинои хурде назди кати хоб барои як кас тасвир мешавад: ин кабинети кории президент солҳои аввали фаъолияташ дар ин вазифа аст.
Аз ин туҳфа сарвари давлат ба эҳсос омада, дар бораи солҳои аввали шурӯъ намуданаш ба фаъолияти сиёсӣ ёдоварӣ кард.
“Дар ҳамин бинои чор квадрат (метри мураббаъ), ду ба ду зиндагӣ мекардам. Он ҷо кат, курсӣ ва ҷойи дасту руй шустан мавҷуд буд”, – гуфт сарвари давлат ва илова намуд, ки “ин танҳо ҷойи шабгузаронӣ буд”.
Эмомалӣ Раҳмон дар бораи суиқасдҳо ба ҷонаш низ ёдоварӣ намуд. “Шаш бор суиқасд карданд. Лекин агар дар хотир дошта бшед, ман гуфта будам, ки “ҷонамро нисор мекунам, лекин ба мардуми тоҷик сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ меорам”.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.