Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба 100 нафар ятими кулл кумаки моддӣ расонда, бо онҳо суҳбати гарму самимӣ доир кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин навбат хонандагони синфҳои аз 6 то 11-и мактаб-интернатҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Ашт ва Мастчоҳ аз туҳфаҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки аз кумакпулӣ, сару либос ва дастархони идона иборат буд, баҳравар шуданд.
Гуфта мешавад дар ин рӯз барои 100 кудаки ятим аз ҷониби Пешвои миллат дастархони пурнозу неъмат ороста шуда, барномаи махсуси фарҳангӣ мураттаб гардид, ки боиси болидаруҳии наврасон гашт.
Зикр мегардад, ки айни замон дар вилояти Суғд 15 муассисаи иҷтимоии интернатҳо, хонаи кудакон ва маъюбон амал мекунад, ки дар онҳо 470 нафар кӯдаки ятим ба ғамхории давлату ҳукумат фаро гирифта шудаанд. Аз шумораи умумии 470 ятим 245 каси онро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.