Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12-уми сентябр дар ноҳияи Данғара боз як иншооти ҷашнӣ – бинои муҳташами Қасри фарҳангро ифтитоҳ кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҷо китобхонаи электронӣ барои 20 нафар, қироатхона барои 40 нафар, анбори нигаҳдории китоб барои 19 ҳазор адад ва ҳуҷраҳои коргарон сохта шудааст.
Ҳамчунин дар қаср Шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ошхона, толори варзишӣ, толори тамошобинон бо 700 ҷойи нишаст, ҳуҷраи машқи раққосон, нигористон, анбори созҳои мусиқӣ, ҳуҷраи маҳфили рассомон, синфхонаи асбобҳои зарбӣ, толори омӯзиши созҳои мусиқӣ, маҳфили пазандагии духтарона ва ғайра бо шароити мусоид боз шуданд.
Гуфта мешавад, дар Қасри фарҳанг ҳамчунин осорхонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.