Рӯзи 25 сентябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварда, бо сокинон мулоқот кард ва аз намоишгоҳ боздид намуда, дар маросими ифтитоҳи мактабҳо, майдони поясутуну парчам, корхонаи оҳангудозӣ иштирок кард.
Мактабҳо
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар деҳаи Ҷӯйбодом президент Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 182-ро ифтитоҳ кард. Мактаб аз се ошёна иборат буда, барои 1280 ҷойи нишаст дар ду баст бунёд гардидааст. Муассисаи таълимӣ аз 28 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла, 4 кабинети фаннӣ: химия, физика, математика, биология, 4 синфхонаи таълими меҳнат дар алоҳидагӣ барои писарон ва духтарон, 2 синфхонаи компютерӣ, китобхона бо ду утоқи алоҳидаи китобхонӣ ва 18 ҳуҷраи ёрирасон иборат мебошад.
Дар мактаб ошхона барои 150 ҷойи нишаст, толори муосири варзишӣ бо 240 ҷойи нишаст ва толори маҷлисгоҳ бо 185 ҷойи нишаст низ сохта шудааст.
Дар деҳаи Оли Сомон Сарвари давлат ба фаъолияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 85 оғоз бахшид. Муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуҷаббор Қурбонов дар давоми як сол сохта шуда, барои таҳсили 640 нафар пешбинӣ шудааст. Он аз се ошёна иборат аст.
“Оҳангудозии Тоҷикистон”
Дар деҳоти Чоргултеппа Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи «Оҳангудозии Тоҷикистон» оғози расмӣ бахшид. Самти асосии фаъолияти корхонаи навтаъсис коркарди оҳанпора ва истеҳсоли ду намуди масолеҳи сохтмонӣ – арматур ва ноқил бо андозаҳои гуногун мебошад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 60 ҳазор тонна арматур ва ноқил буда, сифати маҳсулот дар асоси таҳлили мутахассисон ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Зикр мегардад, ки ашёи хом ба корхона қисман аз дохили ҷумҳурӣ ва хокаи кимиёвии он бошад, аз Ҷумҳурии Қазоқистон дастрас шуда, дуди ғализи он бо истифода аз дастгоҳҳои махсус коркард ва безарар гардонда мешавад.
Нишони давлатӣ ва Парчами миллӣ
Дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ Президент Парчами миллӣ ва Нишони давлатии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуд. Парчами давлатӣ дар пояи баландии 45 метр қомат афрохта, паҳноии матои он 7 метр ва дарозиаш 14 метрро ташкил медиҳад. Баландии пояи Нишони давлатӣ, ки дар шафати Парчам сохта шудааст, 22 метр мебошад.
Намоишгоҳ
Ҳамчунин дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ Сарвари давлат аз намоишгоҳи маҳсулоти нонию қаннодӣ ва таомҳои милливу ҳунарҳои мардумии ин ноҳия боздид кард. Аҳли заҳмати 16 шаҳраку деҳоти ноҳия маҳсули дастранҷи худро ба маъраз гузоштанд. Дар гӯшаи дигари намоишгоҳ дар дегҳои алоҳида тарзи пухтани таъомҳои гуногун муаррифӣ гардид.
Хоҷагии деҳқонии «Исматулло»
Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчунин бо намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳия ва гармхонаи Хоҷагии деҳқонии "Исматулло" дар деҳаи Кӯктоши Деҳоти Чоргултеппа шинос шуд. Аҳли заҳмати ноҳия наздики 30 навъи маҳсулоти гуногуни кишоварзиро ба намоиш гузоштанд. Дар ноҳияи Рӯдакӣ 5031 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад.
Аксҳо аз хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.