Таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 31-уми октябр маҷлиси навбатии ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020” баррасӣ шуд.
Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар медиҳад, дар маҷлис ҳамчунин дурнамои нишондиҳандаҳои буҷет барои солҳои 2021-2022 ва натиҷаҳои рушди иқтисоди миллӣ дар 9 моҳи соли 2019 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сарвари давлат таъкид дошт, ки қисми даромади умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020 дар ҳаҷми 26,1 млрд сомонӣ, хароҷоти он 26,4 млрд. сомонӣ ва касри он ба андозаи 0,4 фоизи дурнамои Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар барои соли 2020 ё ба маблағи 349,5 млн. сомонӣ муқаррар карда шуд.
Гуфта мешавад, дар лоиҳаи Қонун “Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2020” ба соҳаҳои иҷтимоии кишвар афзалият дода мешавад. Дар соли 2020 барои ин соҳаҳо масраф кардани 11,7 млрд сомонӣ баробар ба 44,4 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.
“Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 28,6 миллиард сомонӣ ва дар соли 2022-юм 31 миллиард сомонӣ, ҳаҷми умумии хароҷоти он бошад, мутаносибан ба маблағи 29,1 миллиард сомонӣ ва дар доираи 31,5 миллиард сомонӣ дар назар дошта шудааст”, – омадааст дар хабар.
Зикр мешавад, ки дар идомаи маҷлис гузориши вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода дар бораи лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2020 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2021-2022 шунида шуд.
Зимнан гуфта шуд, ки ҷалби қарзҳои беруна тибқи афзалиятҳои муайянгардида ба роҳ монда шуда, харҷи самараноки ин маблағҳо таъмин гардад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.