Ҳар як тоҷикистонӣ ба хондани 5 китоби бадеӣ дар як сол уҳдадор мешавад

“Тибқи таҳлилҳо вақтҳои охир дур шудан аз китобхонӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар байни хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони онҳо мебошад. Аз ин рӯ, дастур медиҳам, ки сар аз Дастгоҳи иҷроияи президент, ҳамаи вазорату идораҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо то мақомоти маҳаллии ҳокимият, ширкат, мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ бояд китобхонаҳо бунёд кунанд, ки бо адабиёти бадеӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

“Тибқи таҳлилҳо вақтҳои охир дур шудан аз китобхонӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар байни хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони онҳо мебошад. Аз ин рӯ, дастур медиҳам, ки сар аз Дастгоҳи иҷроияи президент, ҳамаи вазорату идораҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо то мақомоти маҳаллии ҳокимият, ширкат, мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ бояд китобхонаҳо бунёд кунанд, ки бо адабиёти бадеӣ таъмин бошанд”, – изҳор дошт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми декабр зимни ироаи паём ба парлумон.

Сарвари давлат қайд кард, ки китобхонаҳо бояд ба маркази муҳимми илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад.

“Вобаста ба ин, ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот супориш дода мешавад, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавияти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд карда, дар як сол хондани на камтар аз 5 китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд”, – гуфт ӯ.

Раисҷумҳур таъкид дошт, ки ҳамасола дар кишвар миллионҳо нусха китобҳои бадеӣ ба нашр расида, вале то ҳол дар анборҳо нигоҳдорӣ мешаванд.

“Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯйи илму донишро ҷой кунем”, – таъкид дошт сарвари давлат.

Ӯ ҳамчунин дастур дод, ки минбаъд ҳар сол озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” аз рӯйи се самт: якум – миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; дуюм – таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва сеюм – дар байни калонсолон васеъ ба роҳ монда шавад.

Ба ҳар як оилаи Тоҷикистон китоби “Тоҷикон” тақдим мешавад

“Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем”, – изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ зикр кард, ки китоби “Тоҷикон” аз ҳисоби Фонди президенти Тоҷикистон ба нашр расида, то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа карда мешавад.

Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи илмҳо вазифадор карда шуданд, ки китоби мазкурро ба забонҳои байнулмилалӣ тарҷума ва чоп карда, нусхаи электронии онро тавассути шабакаҳои иттилоотӣ паҳн созанд.

“Арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард, – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон. – Фикр мекунам, ки дар шароити кунунӣ, яъне замоне, ки ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, чопи ин шоҳасар ва дастраси тамоми мардуми кишвар гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеаи мо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.