spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Муовини сарвазир бо рафти корҳои таъмиру навсозии роҳи Душанбе-Бохтар шинос шуд

Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни шиносоӣ бо рафти корҳои таъмиру навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар таъкид дошт, ки мувофиқи нақшаи қаблан тасдиқшуда, то аввали соли ҷорӣ бояд ҳудуди 50%-и корҳо иҷро мешуданд, лекин айни ҳол он ҳамагӣ 35% ба иҷро расидааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, Азим Иброҳим дастур додааст, ки ба раванди корҳо дар ин роҳи барои кишвар муҳим суръат бахшида шавад. Ӯ таъкид доштааст, ки бо чунин суръати кор дар муҳлати пешбинишуда ба истифода додани роҳи хушсифат ғайриимкон аст.

Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, айни замон марҳилаи 1 ва 2-юми лоиҳаи “Азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар” амалӣ мешавад.

Паймонкори лоиҳа дар марҳилаи якум ширкати “Синтзян Бейсин”-и Чин ва мушовири байнулмилалӣ ширкати “КОКС”-и Олмон мебошанд.

Дар марҳилаи аввал таъмиру навсозии 33 километр қитъаи роҳ бо сохтмони пул дар болои дарёи Кофарниҳон пешбинӣ шудааст. Барои анҷоми таъмиру навсозии ин қитъаи роҳ 96,3 млн. доллар маблағ ҷудо гардида, 27,7 млн. доллари он азхуд шудааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Мутахассисони Ҷопон ба корҳои лоиҳакашии қитъаи роҳи нави Душанбе-Бохтар оғоз мекунанд

Маблағи марҳилаи дуюми лоиҳа (бо масофаи 39,6 километр бо сохтмони пул дар болои дарёи Вахш) 107,5 млн. долларро ташкил медиҳад, ки 11,7 млн. доллараш азхуд шудааст.

Анҷоми пурраи корҳои таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар бо масофаи умумии 82 километр соли 2023 дар назар аст.

Лекин Азим Иброҳим назди роҳсозон вазифа гузоштааст, ки амалисозии лоиҳа охири соли 2021 ба итмом расонида шавад. Дар ҳамин ҳол, марҳилаи аввали корҳои таъмиру навсозии роҳ бояд охири соли 2020 ба анҷом расонида шавад.

Дар натиҷаи амалӣ гаштани лоиҳа, роҳ аз категорияи “III“-юм (роҳи автомобилгарди маъмулӣ) ба категорияи “1-Б” (роҳи автомобилгарди босуръат) гузаронида мешавад ва паҳноии он аз 16 то 27 метрро ташкил медиҳад, қайд мешавад дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ. Айни замон паҳноии роҳ то 12 метр мерасад.

Дар тӯли роҳ таҷҳизоти рӯшноидиҳанда ва низоми эҳтиётии ғизогирии барқ бар асоси панелҳои офтобӣ насб мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...