Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 8-уми январ дар як қатор сохторҳои ҳукуматӣ ва судӣ тағйироти кадрӣ ба амал овард.
Бо қарорҳои Ҳукумати ҶТ раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Идигул Қосимзода бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз мақомаш озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Ҳилолбӣ Қурбонзода раиси кумита таъин гардид. Қурбонзода то ин замон иҷрокунандаи раиси шаҳри Норак буд.
Инчунин муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Марҳабо Латифзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз кор озод ва ба ҷойи ӯ Зулфия Давлатзода муовини аввали раиси кумита таъйин шуд.
Эмомалӣ Раҳмон судяи суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд Саъдӣ Ҳоҷизода бинобар риоя накардани қонун ҳангомии баррасии парвандаҳо ва судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ Парвиз Сайдализода бо хоҳиши худ аз кор озод кард.
Ба ҷуз ин, Маликшо Неъматзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон таъин гардид. Ӯ то ин замон дар вазифаи сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ фаъолият дошт.
Қобили зикр аст, ки Идигул Қосимзода ба ҳайси номзад ба вакилии парлумон аз рӯйхати ҲХДТ пешбарӣ шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.