spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Натиҷаи кори ҳукумати кишвар бо вазифаҳо барои соли 2020

Имрӯз, 20-уми январ таҳти раёсати сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори он роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди президент ва ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар маҷлис нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2019 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2020 муайян карда шуданд.

Аз ҷумла, вазъи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, иҷрои стратегияву барномаҳо ва нақшаҳои қабулшуда, инчунин камбудиву норасоиҳо ва масоилу мушкилоти дар соҳаҳои мухталиф ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо баррасӣ шуданд.

Сарвазир чӣ гуфт?

Ҳисоботи сарвазир Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2019 шунида шуд. Таъкид гардид, ки бо вуҷуди вазъи мураккаби иқтисодиёти ҷаҳон ва минтақа, рушди иқтисоди кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуд. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 77,3 млрд. сомонӣ баробар гардида, суръати рушд 7,7 фоизро ташкил дод.

Афзоиши як қатор нишондиҳандаҳо асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,6%, кишоварзӣ – 7,1%, гардиши савдои дохилӣ – 9%, мусофиркашонӣ – 10,9%, хизматрасониҳои пулакӣ – 2,9% ва боркашонӣ – 1,1% таъмин гардид. Дар соли ҳисоботӣ сатҳи таваррум 8 фоизро ташкил дод.

ГАЛЛЕРЕЯ (50)


















































Ба қавли сарвазир, дар давраи ҳисоботӣ 219 корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси 3 ҳазор ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуд. Соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 27,6 млрд. сомонӣ баробар гашта, суръати рушди он 13,6 фоизро ташкил дод.

Дар ин давра аз 249 намуд муҳимтарин маҳсулоти саноатии кишвар ҳаҷми истеҳсоли 159 намуд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд шуда, ҳамзамон истеҳсоли 27 номгӯйи молҳо ба роҳ монда шуд. Дар баробари ин ҳаҷми истеҳсоли 59 номгуйи молҳои саноатӣ нисбат ба соли 2018 коҳиш ёфта, 4 намуди мол умуман истеҳсол нагардид.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар қатори пешравиҳои соҳа камбудиҳо низ ба мушоҳида мерасанд. Дар ҳудуди кишвар аз 2 ҳазору 164 корхонаи саноатӣ бо сабабҳои гуногун 149 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмонда, 128 корхонаи дигар ҳисоботи сифрӣ пешниҳод кардаанд.

Сарвари давлат ба сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, муовини якуми ӯ Давлаталӣ Саид ва муовинони сарвазир Азим Иброҳим ва Маҳмадтоир Зокирзода ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда, ки аз таҳлилу ҷамъбасти воқеии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2019 бармеояд, супоришҳои мушаххас дод.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Паёми раисҷумҳури Тоҷикистон ба парлумон: чӣ гуфту кӣ шунид?

Ҳамчунин дастурҳо вобаста ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар, таъмини нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва тақвияти фаъолияти муназзами ҳамаи соҳаҳо, иҷрои саривақтии нишондиҳандаҳои паёми раисҷумҳур ба Маҷлиси Олӣ, таҳти назорати қатъӣ гирифтани ҳадафҳои стратегӣ ва самтҳои афзалиятноки муайяншуда, иҷрои консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ ва татбиқи самараноки лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дода шуд.

Вай афзуд, ки барои амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии кишвар дар самти ҳавасманд кардани сармоягузорӣ ба соҳаҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии маҳсулоти саноатӣ ва афзоиши ҳаҷми содирот тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Гардиши пулу мол

Сипас ҳисоботи вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода ва сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода шунида шуд.

Зимни ҳисоботи вазири молия таъкид гардид, ки соли 2019 нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ таъмин нашуда, воридоти маблағҳо 23,2 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 79,5 млн. сомонӣ кам мебошад.

Аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ тавассути Кумитаи андоз 11 млрд. сомонӣ ва аз ҳисоби воридоти пардохтҳои гумрукӣ 5,5 млрд. сомонӣ ворид гардид, ки мутаносибан ба 95,1 ва 107,1 фоизи нақша баробар аст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Раисҷумҳур: “Системаҳои бюрократӣ” дар содирот аз байн бурда шавад

Ба қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 122 млн. сомонӣ кам маблағ ворид шуд. 

Ҳамчунин сифати қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби 3 намуди андоз, аз ҷумла, андоз аз арзиши иловашуда таъмин карда нашуд.

Дар натиҷаи пурра ва дуруст ба инобат гирифта нашудани имкониятҳо ва иқтидорҳои мавҷуда, махсусан дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудани низоми банақшагирӣ ва буҷетикунонӣ 9 шаҳру ноҳия уҳдадориҳои андозии худро дар назди буҷет таъмин карда натавонистанд.

Ба ҳолати 1-уми январи соли ҷорӣ бақияи карзи андоз 581 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли 2019 – 144 млн. сомонӣ кам гардид.

Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаи иҷро нагардидани 3 намуди андоз ва аз ин ҳисоб ба буҷет ворид нашудани 852 миллион сомонӣ андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро аз ҷониби ҳукумати кишвар таъкид кард.

Дар маҷлис раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ва раиси Бонки Давлатии Амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ доир ба соҳаи бонкдорӣ ва сиёсати самараноки пулию қарзӣ ҳисобот доданд.

Сарвари давлат гуфт, ки дар натиҷаи бад шудани нишондиҳандаҳои молиявии бонкҳои алоҳида, паст гардидани пардохтпазирии ташкилотҳои қарздиҳанда ва афзоиши хавфҳои қарзӣ раванди фаъолияти қарздиҳӣ дар кишвар коҳиш ёфтааст.

Ӯ таъкид дошт, ки Бонки миллӣ ҷиҳати ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, баланд бардоштани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ, беҳтар гардонидани сифат ва ҷорӣ кардани хизматрасониҳои нав чораҳои таъхирнопазир андешад.

Сипас директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Дилмурод Давлатзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар соли 2019 ҳисобот дод.

Президент барои аз байн бурдани мушкилот дар самти хизматрасонии соҳаи иҷтимоӣ, иҷрои минбаъдаи нақшаи суғуртавӣ, таҳияи системаи муайяни таъини нафақа ба шахсони маъюб ва ба ҳисобгирии шахсони фавтида, инчунин назорати маблағҳои суғуртавӣ ба роҳбарияти Агентӣ дастурҳои мушаххас дод.

Таъмини равшанӣ ва пешгирии коррупсия

Дар кори маҷлис ҳисоботи вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода ва раиси Ширкати холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” Мирзо Исмоилзода шунида шуд.

Зимнан қарздории ширкат, истифодаи ғайримақсадноки нерӯи барқ, ҷамъоварии нокифояи пардохти ҳаққи истифодаи он ва талафоти барқ аз камбудиҳои асосии соҳа номида шуд.

Дастур дода шуд, ки барои таъмини ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ, содироти он, коҳиш додани талафот ва ҷорӣ кардани технологияи нави пардохти ҳаққи истифодаи он чораҳои мушаххас андешида шавад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Эмомалӣ Раҳмон: Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди кишвар аст

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати ҶТ директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” Хайрулло Сафарзода оид ба рафти корҳои сохтмонӣ ҳисобот дод.

Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба истифода додани Неругоҳи барқи обии “Роғун” супоришҳои қатъӣ дод.

Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Сулаймон Султонзода ва раиси Палатаи ҳисоби ҶТ Қарахон Чиллазода оид ба фаъолияти соҳа, вазъи ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисоди характери коррупсионидошта ва ҳаҷми зарари аз ин ҷиноятҳо расида, натиҷаи санҷишҳо, муайян кардани зарарҳои молиявӣ ва барқарор намудани маблағҳо ба буҷети давлатӣ ҳисобот доданд.

Зикр гардид, ки соли гузашта дар фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва сохтору субъектҳои хоҷагидории давлатӣ аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ 1102 ва аз тарафи Палатаи ҳисоби ҶТ 308 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида шуд. Аз маблағи умумии беш аз 918 миллион сомонии зарари молиявии аз ҷониби ҳар ду сохтор муайяншуда 360,5 миллион сомонӣ ба буҷети давлат ва ба суратҳисоби корхонаву муассисаҳо барқарор гардидааст.

Сарвари давлат роҳбарони вазорату идораҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва дигар мақомоти дахлдори давлатиро вазифадор кард, ки дар самти истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пешгирӣ намудан ва тақвият бахшидан ба мубориза бо ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, махсусан дар соҳаи молия ҷораҳои қатъӣ андешанд.

Волоияти қонун

Дар рафти маҷлис оид ба фаъолияти соҳаҳо, волоияти қонун, таъмини амнияти давлату миллат, тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷиноятҳо ва дигар қонунвайронкуниҳо ҳисоботи прокурори генералии ҶТ Юсуф Раҳмон, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов шунида шуд.

Президент саҳми назарраси ин сохторҳоро дар таъмини амнияти давлату миллат ва пешгирии ҷинояткорӣ таъкид кард. Ӯ дастур дод, ки бо назардошти вазъи мураккаби имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри волоияти қонун, муайяну ошкор кардани ҷиноятҳо, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна гурӯҳу созмонҳои ифротгаро корҳо тақвият бахшида шаванд.

Фарозу фуруди сиёсати хориҷию дохилӣ

Сипас ҳисоботи вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин шунида шуд. Сарвари давлат дастур дод, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани чорабиниҳои сатҳи байнулмилалӣ, ки солҳои 2020 ва 2021 дар қаламрави кишвар баргузор мешаванд, аз ҳоло тадбирҳои зарурӣ андешида шавад. Барои интихоб, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони сафоратҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва татбиқи сиёсати хориҷӣ супоришҳо дода шуд.

Оид ба фаъолияти соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ ҳисоботи вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода ва вазири кишоварзӣ Иззат Сатторӣ шунида шуд.

Эмомалӣ Раҳмон барои афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ, истифодаи самараноки имконоти мавҷуда ба роҳбарони вазоратҳои номбурда ва раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат супоришҳои мушаххас дод.

Дар идомаи маҷлиси Ҳукумати ҶТ ҳисоботи вазири нақлиёт Худоёрбек Худоёрзода, директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе” Исматулло Абдуллозода, директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” Дилшод Исматуллозода ва сардори Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Комил Мирзоалӣ шунида шуд.

Тавре таъкид ёфт, имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 8,5 миллиард сомонӣ татбиқ мешавад. Соли 2020 лоиҳаҳои таҷдид ва бунёди қитъаи Обигарм – Нурободи шоҳроҳи Ваҳдат – Қарамиқ (яъне Лахш) ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ, Қалъаихумб – Ванҷ бо арзиши лоиҳавии 2,2 миллиард сомонӣ, Ҳулбук – Темурмалик ба маблағи 200 миллион сомонӣ ва дигар лоиҳаҳо оғоз меёбанд. Ҳоло таҷдиду сохтмони роҳҳои мошингарди Душанбе – Бохтар, Ҳуҷанд – Исфара, Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин, Шкев – Қалъаихумб, Кӯлоб – Муъминобод ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ идома дошта, роҳҳои зикршуда то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешаванд.

Сарвари давлат аз масъулини соҳаҳои мазкур беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, таъмини муназзами ҳаракат дар роҳҳои кишвар, боло бардоштани ҳаҷми боркашонию мусофиркашонӣ, бо истифода аз имконоти ширкатҳои ватанӣ афзун намудани шумораи хатсайрҳои ҳавоиро талаб кард.

Сипас вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода, вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, президенти академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ, вазири фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбекзода аз натиҷаҳои фаъолияти кормандони ин соҳаҳо ҳисобот доданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Солҳои 2020-2040 – Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ

Раисҷумҳур ба роҳбарони вазорату идораҳои номбурда баҳри татбиқи амалии супоришҳои дар паём ба Маҷлиси Олӣ ироашуда вазифаҳои мушаххас гузошт.

Ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода дастур дода шуд, ки дар доираи 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи амалии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ чораҳои бетаъхир андешад.

Дар маҷлис раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи телевизион ва радио Маҳмадсаид Шоҳиён, роҳбарони шабакаҳои телевизионӣ, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Сулаймон Давлатзода, раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода, директори Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Ҷамшед Табарзода, сардори Саридораи геология Илҳомҷон Султон, сардори Хадамоти алоқа Бег Сабур, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Холмурод Раҳмон, директори Агентии омор Гулнора Ҳасанзода, директори Агентии содирот Шавкат Бобозода аз натиҷаҳои фаъолияти ин соҳаҳо дар соли 2019 ҳисобот доданд.

Вазъи пойтахту вилоятҳо

Сипас раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти шаҳрдорӣ гузориш дод. Вай гуфт, ки соли 2019 буҷети шаҳр дар ҳаҷми 3,1 миллиард сомонӣ ё 100 фоиз иҷро шуда, ин нисбат ба нақша 800 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Қисми даромади буҷети шаҳр аз рӯйи воридоти андозу пардохтҳои ҳатмӣ 103% иҷро гардида, ба буҷет 1,9 миллиард сомонӣ маблағ ворид шуд, ки ин аз нақша 54 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар се соли охир ба иқтисоди шаҳр 850 миллион доллари амрикоӣ сармоя ҷалб шудааст, ки 180 миллиони он ба соли 2019 рост меояд. Дар ин давра ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти шаҳр ба 15 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиши он нисбат ба соли гузашта 7,2% зиёд ва ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 20% баробар гардид. Умуман, дар ин давра 62 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бо таъсиси беш аз 800 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз карданд, ки нисбат ба соли 2018 мутаносибан 40 корхона ва 650 ҷойи корӣ зиёд мебошад.

Соли 2019-ум дар пойтахт 38 километр хатҳои гармигузар ба маблағи 62 миллион сомонӣ азнавсозӣ карда шуданд, ки дар муқоиса бо соли 2016 ин нишондиҳанда 4 баробар зиёд аст. Дар се соли охир 160 километр шабакаҳои гармидиҳӣ ё 320 километр қубурҳои гармигузар ба маблағи 173 миллион сомонӣ азнавсозӣ шуданд.

Дар гузориши раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тазаккур дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ нақшаи даромади буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 100,7% таъмин гардида, ба буҷет 2 миллиарду 420,2 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқшуда (2 миллиарду 404,3 миллион сомонӣ) 15,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра ба буҷети маҳаллии вилояти Суғд ба ҷойи 1 миллиарду 887,4 миллион сомонии дар нақша пешбинишуда 1 миллиарду 924,6 миллион сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 37,26 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар соли 2019 ба соҳаи маориф 867,4 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 84,3 миллион сомонӣ ё 10,8% зиёд мебошад. Дар ин давра 37 иншооти соҳаи маориф бо 4 ҳазору 761 ҷойи нишаст бунёд гардид. Ба соҳаи нигаҳдории тандурустӣ 451,5 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 66,9 миллион сомонӣ ё 17,4% зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ 121 иншооти варзишӣ, аз ҷумла, 18 толори варзишӣ, 101 майдончаи варзишӣ ва 2 ҳавзи шиноварӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Сарвари давлат ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри боз ҳам афзун гардонидани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, бунёди корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои корӣ ва истифодаи мақсадноки ҳар порча замин супоришҳои мушаххас дод.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода изҳор дошт, ки иҷрои нақшаи андозҳо 100,1% таъмин гардида, ба буҷети вилояти Хатлон 1 миллиарду 467 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 2,1 миллион сомонӣ ва дар муқоиса бо соли 2018 ин нишондиҳанда 180 миллион сомонӣ зиёд мебошад. 

Дар вилояти Хатлон соли гузашта қариб 54 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд, ки 104 фоизи нақшаро ташкил мекунад. Гардиши савдо дар вилоят ба 6 миллиарду 658 миллион сомонӣ ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 2 миллиарду 63 миллион сомонӣ баробар шуд. Айни замон дар вилоят 30 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи беш аз 4,5 миллиард сомонӣ амалӣ мешавад.

Сарвари давлат ба раиси вилояти Хатлон ва раисони шаҳру ноҳияҳои он дастур дод, ки дар соли 2020 бо истифодаи сарчашмаҳои мавҷуда истеҳсоли маҳсулоти ватаниро афзун карда, ҷиҳати содироти бештари маҳсулоти кишоварзӣ чораандешӣ намоянд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
НБО “Себзор” дар Помир соли 2022 ба кор медарояд

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба сарвари давлат барои бунёди роҳҳои байнулмилалӣ, сохтмони мактабу муассисаҳои тандурустӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят изҳори сипос кард.

Президент гуфт, ки барои рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешавад. Таъкид гардид, ки имрӯз корҳо барои оғози бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ идома доранд.

Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявиро муваззаф кард, ки бо мақсади дар сатҳи баланд анҷом додани лоиҳаҳои сохтмонӣ ва рушди саноати кӯҳӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чораҳои мушаххас андешанд.

Уҳдадорӣ барои соли ҷорӣ

Дар охири ҷаласаи васеи Ҳукумати ҶТ раисҷумҳур бо натиҷагирӣ аз фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба аъзои ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, роҳбарони вазорату идораҳо, вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти давлатӣ барои рафъи камбудиҳои мавҷуда, иҷрои нишондиҳандаҳои паём ба Маҷлиси Олӣ, таҳияи нақша-чорбиниҳои таъминкунандаи пешрафти соҳаҳои муҳими ҷумҳурӣ супоришҳо дод.

Ҳукумати мамлакат вазифадор карда шуд, ки соли 2020 тавассути иҷрои нақшаҳои тарҳрезишуда маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар ҳаҷми 87,4 миллиард сомонӣ, суръати афзоиши онро дар сатҳи 7,8% ва қисми даромади буҷетро дар ҳаҷми 26 миллиард сомонӣ таъмин намояд.

Ба роҳбарони мақомоту идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки имконияту захираҳои мавҷударо барои иҷрои барномаҳои қабулшуда самаранок истифода карда, ҷиҳати коҳиши вобастагии иқтисодиёти кишвар ба омилҳои берунӣ, тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, зиёд кардани ҳаҷми сармоягузорӣ, ҳавасманд намудани истеҳсолот дар самти коркарди ниҳоии ашёи хоми ватанӣ ва ба ин васила вусъат бахшидани саноатикунонии мамлакат чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ҷиҳати иҷрои нақшаи даромади буҷет дар соли 2020, пешбинии манбаъҳои воқеии андозбандӣ, иҷрои босифати нақшаи воридоти андозҳо дар маҳалҳо ва муайянсозии сабабҳои иҷро нашудани нақшаи баъзе намудҳои андоз, кам кардани бақияпулиҳои андоз ва роҳ надодан ба зиёдшавии онҳо ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор дастурҳои мушаххас дод.

Вазорати молия вазифадор шуд, якҷо бо Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва дигар вазорату идораҳо тибқи супорише, ки дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук, бонкҳо ва сармоягузорӣ дода шуда буд, ҷиҳати роҳ надодан ба камбудиҳо ва дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ раванди таҳияи Кодекси андозро дар таҳрири нав суръат бахшанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Маошу нафақа ва стипендияҳо аз сентябри соли 2020 боло мераванд

Ҳамчунин роҳбарияти Вазорати молия муваззаф гардид, ки барои баланд бардоштани музди меҳнат ва нафақа аз 1-уми сентябри соли 2020 тадбирҳои зарурӣ андешад.

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати такмили низоми нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ чораҳои таъхирнопазир андешида, ҳамкориро дар ин самт бо вазоратҳои молия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тақвият бахшад.

Барои дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда нигоҳ доштани сатҳи таваррум ва сиёсати пуливу қарзӣ бо истифода аз усули муосир ба таври қатъӣ Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор шуд. Таъкид гардид, ки истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, шаффофияти хароҷоти буҷет дар ҳамаи зинаҳои идораи давлатӣ, пешгирӣ кардани ҳолатҳои коррупсионӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо бояд зери назорати доимӣ қарор дошта бошад.

Вазорати кишоварзӣ муваззаф гардид, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати пешгирии талафёбии маҳсулоти кишоварзӣ, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ барои ташкили корхонаҳои коркарди меваю сабзавот бо ҷойҳои нави корӣ чораҳои зарурӣ андешад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Эмомалӣ Раҳмон: Мо мутахассисони сатҳи баланди касбӣ кам дорем

Бо назардошти эълон шудани бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф зарур шуморида шуд, ки мутахассисони ба талаботи меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ омода карда шаванд.

Вазорати фарҳанг вазифадор шуд, ки барои таҷдиди сохтор ва таъмиру азнавсозии китобхонаҳо, таъмини онҳо бо китобҳои тозанашр ва таҷҳизоти муосир, маводи тавсиявию методӣ, тарбияи мутахассисони касбӣ, ташкили таҷрибаомӯзӣ дар кишварҳои хориҷӣ ва ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишиву такмили ихтисос чораҷӯйӣ карда, ҷиҳати таъмини иштироки фаъолонаи ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” чораҳои муассир андешад.

Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ ва бо ҷалби шарикони рушд лоиҳаи «Нақшаи бисёрсоҳаи беҳбуди вазъи ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025»-ро таҳия карда, ба ҳукумат пешниҳод намояд.

Таъкид гардид, ҳанӯз бисёр норасоиву камбудиҳо, аз ҷумла, дар сатҳи зарурӣ фаъолият накардани як қатор корхонаҳо, пурра истифода нашудани иқтидорҳо барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок, таъмин нагардидани нақшаи ҷамъоварии андозҳо дар баъзе шаҳру ноҳияҳо, дар сатҳи зарурӣ ҷалб насохтани сармояи хориҷӣ, таъмин накардани ҳаҷми зарурии қарздиҳӣ ба иқтисодиёт ва дигар камбудиҳо ҷой доранд, ки бояд ҳарчи зудтар ислоҳ карда шаванд.

Вобаста ба ин, роҳбарони тамоми вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дигар сохтору мақомоти дахлдор ва кулли хизматчиёни давлатӣ вазифадор гардиданд, камбудиву норасоиҳои дар маҷлиси Ҳукумат зикршударо дар давоми сол бартараф карда, аз натиҷааш ба ҳукумат ҳисобот диҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...