spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Эмомалӣ Раҳмон: фарзандони аъзои ҳукумат бояд ҳатман дар артиш хизмат кунанд

Раисҷумҳур аз мансабдорони давлатӣ даъват кард, ки дар риояи талаботи қонун “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” худашон намуна бошанд.

Зимни суханронӣ ба ифтихори 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ президент таъкид дошт, ки роҳбарони ҳамаи зинаҳои ҳокимияти давлатӣ – аз аъзои ҳукумат ва вакилони парламент то раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бояд худашон намунаи риояи Конститутсия, Қонуни ҶТ “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, инчунин дигар қонунҳо бошанд.

“Фарзандони онҳо дар навбати аввал ва ҳатман барои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳозир бошанд, зеро ҳама дар назди қонун баробаранд ва ҳамаи табақаҳои аҳолӣ вазифадоранд, ки талаботи онро риоя намоянд”, – изҳор дошт ӯ.

Сарвари давлат роҳбарияти Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои низомиро вазифадор кард, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбутаи кишвар доир ба роҳу усулҳои баъд аз адои хизмати ҳарбӣ ҳавасманд кардани сарбозон чораҷӯӣ намоянд.

“Дар иртибот ба ин, супориш дода мешавад, ки барои ин гурӯҳи шаҳрвандон имтиёзҳои муайян, дар навбати аввал, ҳангоми қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии дохил ва хориҷи мамлакат, бидуни озмун шомил гардидан ба коллеҷу литсейҳо ва аз рӯйи ихтисос бо ҷойи кор таъмин шудани онҳо муқаррар карда шаванд”, – қайд кард ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки зимни ба вазифаҳои масъули давлатӣ қабул кардани ҷавонон адои хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун сифати асосӣ ва мусбати хислатномаи онҳо ба назар гирифта шуда, инчунин минбаъд шаҳрвандон ба кор дар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо баъд аз адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ қабул карда шаванд.

“Вобаста ба ин, ба ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки шумораи захираи сафарбарӣ, яъне афсарону сарбозони эҳтиётро аз 110 ҳазор ба 300 ҳазор нафар зиёд намояд”, – қайд кард президент.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...