Субҳи 1-уми март раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои раъйдиҳӣ ба қитъаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рафтааст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар асоси талаботи қонунгузории мамлакат дар ҳузури мушоҳидони сершумори байнулмилалӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ ба ҷонибдории номзад ва ҳизби сиёсии арзанда ба хотири пешрафту шукуфоии боз ҳам афзуни Тоҷикистони соҳибистиқлол овоз додааст.
Қобили зикр аст, ки дар қитъаи мазкур 1260 интихобкунанда ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 119 нафарашон бори аввал овоз медиҳанд.
Тибқи маълумоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ, то соати 9:00-и имрӯз аз шумори умумии интихобкунандагон, ки ҳудуди 4,9 миллион нафар аст, 23,4% дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ овоз додаанд. Дар ин бора КМИР ҳар 3 соат иттилооти нав пешниҳод хоҳад кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.