Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи пойтахт, даъвати шашум 13-уми марти соли равон даъват карда шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, дар иҷлосия натиҷаҳои интихоботи вакилон ба маҷлиси шаҳрӣ баррасӣ шуда, ҳамчунин комиссияҳои доимӣ ва муваққатии маҷлиси вакилони пойтахт таъсис дода мешаванд.
Масъалаи таъсиси комиссияи муваққатии Маҷлис оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе, ҳамчунин комиссияи муваққатӣ оид ба татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» ҷудогона баррасӣ мешавад.
Вакилон инчунин як номзадро дар интихобот ба аъзогии палатаи болоии парлумони кишвар (Маҷлиси миллӣ), ки рӯзи 27-уми март баргузор мешавад, пешбарӣ мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.