spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Котиби нави Шӯрои амнияти Тоҷикистон кист?

Насрулло Маҳмудзода 12 майи соли 1963 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд таваллуд шудааст.

Соли 1986 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо баҳои аъло хатм кард.

Фаъолияти кориашро пас аз хатми таҳсил оғоз намуд: солҳои 1986-1987 – муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Қайроққум; 1988 – прокурори шуъбаи тафтишотии прокуратураи вилояти Суғд; 1989 – муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Қайроқум; 1993 – муовини прокурори шаҳри Исфара ва соли 1997 – муовини аввали прокурори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Соли 1998 сардори шуъбаи назорати тафтиши пешакӣ ва таҳқиқ дар мақомотҳои ВКД ва АНМН прокуратураи вилояти Суғд, соли 2002 – прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва соли 2007 – прокурори шаҳри Кӯлоб таъин шуд.

Соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии Конибодом №19 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуд.

Аз моҳи феврали соли 2015 то таъиноти кунунӣ ба ҳайси прокурори вилояти Хатлон ифои вазифа мекард.

Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3.

Забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ ва англисиро медонад.

Оиладор, 3 фарзанд дорад.

Имрӯз бо фармони президенти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон таъин шуд. Дар ин вазифа ӯ Маҳмадалӣ Ватанзодаро иваз кард, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз ин мансаб сабукдӯш гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...