Дар иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе ваколатҳои вакилони дар интихоботи рӯзи 1 март интихобшуда тасдиқ мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон хабар дод.
Ғайр аз ин, вакилони мардумӣ аз вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе номзадҳои худро ба аъзогӣ дар Маҷлиси миллӣ пешбарӣ мекунанд.
ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи марказ то ҳол санаи баргузории иҷлосияҳои худро муайян накардаанд. Дар ин иҷлосияҳо низ номзадҳо ба аъзогӣ дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешбарӣ мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки 25 нафар аъзои палатаи болоии парлумонро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ (5-нафарӣ аз ВМКБ, Суғд, Хатлон, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) интихоб карда, 8 нафар узви Маҷлиси миллиро Президенти Тоҷикистон таъин мекунад.
Собиқ президентҳои Тоҷикистон бо хоҳиши худашон метавонанд якумрӣ узви палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ бошанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.