spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Рустами Эмомалӣ ба узвияти Маҷлиси миллӣ пешбарӣ шуд

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешбарӣ шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар дод, пешбарии номзадии ӯ дар иҷлосияи якуми имрӯзаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати шашум якдилона дастгирӣ ёфт.

Рустами Эмомалӣ моҳи апрели соли 2017 ва моҳи марти соли ҷорӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи пойтахт интихоб шуда буд.

Интихоботи аъзои нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи 27-уми марти соли равон доир мегардад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Рустами Эмомалӣ ба интихобкунандагон обу барқ ва гармиву тартибот дар нақлиётро ваъда мекунад

Ёдрас мекунем, ки 25 нафар аъзои палатаи болоии парлумонро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ (5-нафарӣ аз ВМКБ, Суғд, Хатлон, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) интихоб карда, 8 узви Маҷлиси миллиро президенти Тоҷикистон таъин мекунад. Собиқ президентҳои Тоҷикистон бо хоҳиши худашон метавонанд якумрӣ узви палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ бошанд.

Мувофиқи пешгӯии аксари сиёсатшиносон ва коршиносони тоҷик, Рустами Эмомалӣ натанҳо узви Маҷлиси миллӣ, балки раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ интихоб мешавад.

Ба ин тариқ, ӯ дар ояндаи наздик аз лиҳози ҳуқуқӣ баъд аз раисҷумҳур расман шахси дуюм дар Тоҷикистон шуда метавонад.

Мувофиқи муқаррароти моддаи 71 Конститутсияи Тоҷикистон, ҳангоми вафот, истеъфо ва ғайри қобили амал донистани Президент вазифаи ӯ то ба вазифааш шурӯъ намудани Президенти нав ба зиммаи Раиси Маҷлиси миллӣ мегузарад.

Дар ҳолатҳои зикршуда дар муҳлати се моҳ интихоботи Президент гузаронида мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...