Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои ҷашни байнулмилалии Наврӯз ва Соли нави миллиро барои солҳои 2019-2021 тасдиқ кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин рамзҳо аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои донишмандони Академияи илмҳои ҶТ омода шудааст.
Ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар саросари кишвар тавсия шудааст, ки рамзи якуми арчамонандро дар назди идораҳо, кӯчаву хиёбонҳо, иншооту хонаҳои истиқоматӣ ҳамчун рамзи ҷашни Наврӯз ва таҷлили Соли нави миллӣ аз 19 то 25 марти соли 2020 ба ҷойи арча насб кунанд.
Рамзи якум арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода мекунад. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирони суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар асоси хулосаҳои донишмандон, мардумшиносон ва фолклоршиносони тоҷик ва дигар олимони ҳавзаи Наврӯз, аз миёни рамзҳои наврӯзӣ, ки аз гулҳои бойчечак, сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор ва паррандаҳои асотирии симурғ ва парасту иборатанд, суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи истиқболи ҷашни Наврӯзи байнулмилалӣ, Соли нави миллӣ ва пайки омад-омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул гардид.
Минбаъд суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи миллӣ барои ҷашнгирии Соли нави миллӣ ва Наврӯзи байнулмилалӣ истифода хоҳад шуд.
Баъд аз ҷаҳонӣ шудани иди Наврӯз Созмони Милали Муттаҳид ва ЮНЕСКО суманак дар кураи заминро бо навиштаҷоти “Рӯзи Наврӯзи байнулмилалӣ” ҳамчун рамзи наврӯзӣ интихоб намуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардаанд.
Рамзи дуюм намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин, аз ду тарафи он Парчами миллӣ ва пайки баҳор – суманак, парасту, нақшу нигори гулдӯзӣ ҳамчун рамзи ҳунарҳои мардумӣ ва рангинкамон бо навиштаҷоти “Наврӯз – 2020” ба забони тоҷикӣ инъикос ёфтааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.