spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Иҷлосияи хотимавии даъвати ҳозираи Маҷлиси миллии Тоҷикистон

Иҷлосияи хотимавии 22-юми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум имрӯз, 19-уми март доир мегардад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Наврӯз Қурбонзода хабар дод.

Дар иҷлосия доир ба фаъолияти даъвати ҳозираи Маҷлиси миллӣ раиси палата Маҳмадсаид Убайдуллоев гузориш медиҳад.

Ба гуфтаи Қурбонзода, дар ҳамин ҳол, ваколатҳои аъзои Маҷлиси миллии даъвати кунунӣ то ба кор шурӯъ намудани Маҷлиси миллии тозаинтихоб, ки нимаи моҳи апрел дар назар аст, амал хоҳад кард.

Ба иттилои манбаъ, зимни маърӯза дар кори иҷлосия Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки аз замони таъсиси он мудати 20 сол (аз моҳи марти соли 2000 то марти соли 2020) роҳбарии ин палатаи парлумонро ба уҳда дошт, аз бурду бохти фаъолияти Маҷлиси миллӣ тӯли панҷ соли охир натиҷагирӣ мекунад.

Ғайр аз ин, имрӯз аъзои Маҷлиси миллӣ кодексҳои қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон тасдиқшударо “Дар бораи нақлиёти автомобилӣ”, “Дар бораи об” ва ғайраро баррасӣ мекунанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Маҳмадтоир Зокирзода раиси Маҷлиси намояндагон интихоб шуд

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон назди аъзои Маҷлиси миллӣ доир ба риояи қонуният дар кишвар маърӯза мекунад.

Дар иҷлосияи имрӯза як қатор амру фармонҳои президент дар бораи таъини муовинони нави прокурори генералии Тоҷикистон низ тасдиқ мешаванд.

Интихоби аъзои нави Маҷлиси миллии Маҷлис Олии Тоҷикистон рӯзи 27-уми март баргузор мешавад.

Ёдрас мекунем, ки 25 нафар аъзои палатаи болоии парлумонро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ (5-нафарӣ аз ВМКБ, Суғд, Хатлон, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) интихоб карда, 8 узви Маҷлиси миллиро президенти Тоҷикистон таъин мекунад. Собиқ президентҳои Тоҷикистон бо хоҳиши худашон метавонанд якумрӣ узви палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ бошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...