Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо кормандони дастгоҳаш дар ҳудуди бозори Хоруғ ҳашар гузаронида, ҳамчунин дар маркази шаҳр ниҳолҳои ороишӣ шинонданд.
Тибқи иттилои котиби матбуотии дастгоҳи раиси вилоят Ғолиб Ниятбеков, бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, сокинони ВМКБ ба тозаву озода намудани гирду атрофи идораву муассисаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ шурӯъ карданд.
“Дар баробари намояндагони дигар муассисаҳои давлатӣ, кормандони дастгоҳи раиси ВМКБ низ бо иштироки бевоситаи Ёдгор Файзов дар ҳудуди бозори шаҳри Хоруғ ҳашар гузарониданд. Ин бори аввал нест, ки раиси вилоят дар ҳашарҳои дастҷамъона иштирок мекунад”, – илова кард Ниятбеков.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.