Рафъи оқибатҳои вазъи фавқулоддаи боду ҳаво, кишти такрорӣ ва таъмини бозори истеъмолии аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ, инчунин пешгирии бемории сироятии коронавирус дар Тоҷикистон зимни суҳбати телефонии президент бо раисони як қатор вилоёту шаҳру навоҳӣ баррасӣ шудааст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, 9-уми апрел Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Панҷ, Фархор ва Хуросонро оид ба рафти тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ, кишту кори баҳорӣ ва бартарафсозии оқибатҳои боду ҳавои номусоиди рӯзҳои охир шунидаааст.
Ӯ ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир ба вусъати кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки замин ва таъмини фаровонии бозори истеъмолии аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ супоришҳои қатъӣ додааст.
Бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ раисҷумҳур ба ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки нақшаи ҷумҳуриявии кишти зироатҳо, бахусус, майдони кишти картошкаро 40 фоиз ва майдони кишти такрориро аз ҳисоби ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо ва макаи дон то 60 фоиз зиёд кунанд.
Сарвари давлат дастур додааст, ки вобаста ба вазъи фавқулоддаи боду ҳаво барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, аз ҷумла, пешгирии хавфи омадани сел ва обхезиҳо корҳои соҳилмустаҳкамкуниро ба роҳ монанд.
Супоришҳои дигар ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ва риояи гигиенаи шахсӣ дода шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.