spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Манъи аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар баровардани оҳанпора

Дар қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 31-уми марти соли ҷорӣ дастур дода мешавад, ки содироти оҳанпора ва пасмондаҳои металҳои сиёҳ ва ранга аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар манъ карда шавад.

Дар санад гуфта мешавад, ин тадбирҳо бо мақсади “истифодаи пурсамари оҳанпора ва пасмондаҳои металҳои сиёҳ ва ранга, васеъ кардани миқёси коркарди он дар дохили ҷумҳурӣ” роҳандозӣ мешаванд.

Манъи содироти оҳанпора аз 1-уми марти соли 2020 мавриди амал қарор гирифт, яъне як моҳ пеш то расман қабул шудани қарори дахлдори ҳукумат.

Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати молия, Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ва Хадамоти гумрук вогузор шудааст.

Қобили зикр аст, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ коркарди оҳанпора ва пасмондаҳои дигар металҳо қатъ шуда, он ба миқдори зиёд ба Чин бурда мешуд.

Аввали солҳои 2000-ум соҳибкорони Чин азхудкунии бозори оҳанпора ва металҳоро дар худи Тоҷикистон шурӯъ карданд. Онҳо дар Душанбе ва дигар шаҳрҳо корхонаҳои хурди коркарди оҳанпора таъсис доданд, ки пасмондаҳои металро гудохта, асосан арматураи пастсифат тайёр мекарданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тоҷикистониён ба истихроҷи мустақилонаи металл ва сангҳои гаронбаҳо оғоз карданд

Соли 2018 ҳукумати Тоҷикистон ба манъи фаъолияти чунин корхонаҳо оғоз кард. Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаҳои муосири металлургӣ дар Ҳисор ва Душанбе, корхонаҳои хурди коркарди пасмондаҳои метал нолозим шуданд.

Айни замон тайёр кардани оҳанпора дар Тоҷикистон мувофиқи қонунгузорӣ танзим шуда, оҳанпораи корхонаҳои саноатӣ бар асоси шартнома ба корхонаҳои махсус супурда мешавад, ки аз он арматура ва дигар маснуот тайёр карда мешавад. Мардум низ оҳанпораро ба нуқтаҳои қабул месупоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...