spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Қонун “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” мавриди амал қарор мегирад

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 22-юми апред дар ҷаласаи навбатии худ лоиҳаи қонун “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ”-ро қабул кард.

Муовини аввали вазири адлияи ҷумҳурӣ Абдуманнон Холиқзода қайд кард, ки мутобиқи Конститутсияи кишвар, дар ҳамаи зинаҳои тафтишот ва суд ба ҳар кас ҳимояи судӣ, истифода аз химатрасонии адвокат аз лаҳзаи боздошт ва ёрии ҳуқуқӣ кафолат дода мешавад. Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, гирифтани ёрии ҳуқуқӣ бо кодексҳои мурофиавии ҷумҳурӣ муайян карда мешавад.

Лекин, зикр кард Холиқзода, низоми ёрии ройгони ҳуқуқӣ, ки пурра ё қисман аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлат таъмин мешавад, ба такмил ниёз дорад ва дар ин робита лоиҳаи қонуни мазкур таҳия шудааст.

Муовини вазир мутмаин аст, ки қонуни нав механизми пешниҳоди ёрии ҳуқуқиро осонтар карда, мушкилоти мавҷударо дар ин самт бартараф месозад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Кумаки ройгони ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон чист ва кӣ онро гирифта метавонад?

Ғайр аз ин, идома дод Холиқзода, қонун барои таъмини иҷрои уҳдадориҳои байнулмилалии ба зимма гирифтаи Тоҷикистон қабул мешавад.

Ӯ дар бораи нигаронии Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар робита ба дастнорас будани ёрии ройгони ҳуқуқӣ барои шахсони ниёзманд аз ҷониби давлат изҳори назар кард.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар, таъмини ибтидоии хароҷоти лоиҳаро созмонҳои ёрирасон ба зимма гирифтаанд. Тибқи тавофуқи бадастомада, буҷети лоиҳа аз таносуби 90 фоиз саҳми ташкилот ва 10 фоиз саҳми буҷети давлатӣ оғоз гардида, давра ба давра бо зиёд кардани ҳиссаи давлат то ба 100 фоиз то соли 2025 идома меёбад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...