Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 14-уми май зимни суҳбати телефонӣ ҳисоботи раиси вилояти Суғд, раисони шаҳрҳои Кӯлоб, Норак ва ноҳияҳои Вахш, Файзобод, Нуробод, Рашт ва Лахшро оид ба рафти корҳои пешгирӣ аз паҳншавии вируси COVID-19 шунид.
Сарвари давлат ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои зикршуда бобати мақсаднок ва суроғавӣ расондани кумакҳои расида, таъмини табобатхонаҳо бо маводи тиббӣ, доруворӣ ва хӯрокворӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба беморон, таъмини шароити мусоиди хизматрасонӣ ба гирифторони ин беморӣ ва тақвият бахшидани тадбирҳои санитарию гигиенӣ миёни аҳолӣ ва марказҳои хизматрасонӣ супоришҳои мушаххас дод.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи табибону кормандони соҳаи тиб, ки бевосита дар мубориза бо ин беморӣ ва табобати беморон машғуланд, изҳори сипос карда, гуфтааст, ки ҳаёти ҳар як бемор ба сатҳи баланди касбӣ ва маҳорату таҷрибаи духтурон сахт вобаста аст.
Дар анҷом раисҷумҳур ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои мазкур дастур додааст, ки дар ҳамкорӣ бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19 пешгирӣ ва табобати мубталоёни ин бемориро зери назорати қатъӣ гирифта, ҷиҳати рафъи камбудию норасоиҳои пешомада чораҳои саривақтӣ андешанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.