Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 29 май ба ноҳияи Данғара ташриф овард. Дар зодгоҳи худ сарвари давлат бинои нави суди ноҳияро ба истифода дода, ба корҳои сохтмони бинои дафтари кории маҳаллии шуъбаи ҲХДТ ҳусни оғоз бахшид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара ба корҳои сохтмонӣ дар бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия оғоз бахшид. Дар бино 26 ҳуҷраи корӣ, 3 маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои омӯзишӣ – методӣ, китобхона, меҳмонхона ва ошхона таъсис дода мешавад.
Мавриди истифода қарор гирифтани бинои панҷошёнаи дафтари кории шуъбаи ҲХДТ дар ноҳияи Данғура моҳи сентябри соли 2021 дар назар аст.
Гуфта мешавад, дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Президенти мамлакат аз намоиши дастовардҳои хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар бозори Каёнуши ноҳияи Данғара боздид ба амал овард.
Қобили зикр аст, ки дирӯз дар шаҳри Бохтар низ бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти таъиноти гуногун ба истифода дода шуданд.
Сафари кории худро ба вилояти Хатлон Сарвари давлат рӯзи 28 май аз ноҳияи Ҷайҳун оғоз кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.