Рӯзи 3 июн, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Хуросон сафари корӣ анҷом дода, бо сокинони аз офати табиии рӯзҳои 14-16 майи соли ҷорӣ зарардидаи Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ дидору мулоқот анҷом дод. Дар ин бора маркази матбуотии раиси вилоят хабар медиҳад.
Аз номи Сарвазири мамлакат ба 67 хонаводае, ки манзилҳояшон дар натиҷаи сели рӯзҳои 14-16 май қисман ва пурра вайрон шудааст, маводи озуқа дастрас гардид. Кумакҳои навбатӣ аз орд, равған, биринҷ, шакар, макарон, нахӯд иборат буданд.
Қоҳир Расулзода ҳамроҳи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо тарҳи “Барқарорсозии иншооти обгузари муваққатӣ дар шохаи рости ПК 659+00 Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон” шинос шуданд. Зикр гардид, ки сели рӯзҳои 14-16 май канали шохаи рости ҷамоати деҳоти мазкур ба дарозии 140 метр вайрон шуда буд.
Канали шохаи рост 93 км 200 метр дарозӣ дошта, аз он 2800 гектар заминҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, 10400 гектар заминҳои ноҳияи Хуросон обёрӣ мешаванд. Дар мавсими обёрӣ тавассути ин канал то 11 куб об ҷорӣ мешавад. Айни ҳол насби қубурҳои нави қутраш 1820 милиметр бомаром ҷараён дошта, ба Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки то рӯзи 12 июн иншооти мазкур пурра барқарор карда хоҳад шуд.
Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода аз деҳаҳои ба номи Неъматулло Асадулло ва 18-ум анҷумани ҳизб, мактаби зарардидаи №12, манзилҳои зисти шаҳрвандон боздид ва аз сокинони маҳаллӣ ҳолпурсӣ карданд. Танҳо як бинои муассисаи таълимӣ айни ҳол қобили истифода буда, то бунёди таълимгоҳи нав хонандагони синфҳои 5-11-и муассиса дар мактабҳои ҳамсоядеҳаҳо ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Сарвазири мамлакат ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон супориш дод, ки барои хонандагони ҳамин деҳа дар зудтарин фурсат сохтмони мактаби навро ба нақша гиранд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон барои бунёди мактаби нав заминҷой ҷудо кардааст ва қарор аст, ки корҳои сохтмонӣ аз ҳафтаи оянда оғоз гарданд.
Қобили ёдоварист, ки дар натиҷаи боришоти шадиди рӯзи 14 май дар деҳаҳои болозикр 11 манзили истиқомати пурра ва 25 хона қисман зарар дида, рӯзи 16 май маротибаи дуюм дар пайи борони сахт сел омада, ярч фаромад ва ба 25 хона пурра, ба 14 манзили дигар қисман зиён расонид. Инчунин бинои МТМУ №12, як қисми роҳҳои маҳаллӣ низ корношоям гардиданд.
Ҳаҷми умумии зарар 6 миллиону 725 ҳазор сомонӣ ҳисоб карда шудааст.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода иттилоъ дод, ки ҳафтаи гузашта ба 67 хонаводаи зарардида дар маҳалли бехавф, мавзеи Чорбоғи ноҳияи Хуросон ба масоҳати 8-сотихӣ қитъаҳои замин барои бунёди манзил ихтисос дода шуд.
Танҳо аз ҷониби Пешвои миллат ба зарардидагон 370 тонна семент, 74 тонна арматура, 3700 дона шифер ва 370 метри кубӣ тахта дода шуда, сохтмони манзилҳои нав дар маҳалли Чорбоғ шурӯъ гардидааст. Инчунин, 84 тонна маводи озуқа, аз ҷумла орд, равған, картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ, макарон, маҳсулоти донагӣ ба осебдидагон расонида шуд.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бошад, ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида 15 тонна орд, 8,5 тонна биринҷ, 1,5 тонна равған, 1,8 тонна макарон, 6,6 тонна пиёз, 4,5 тонна картошка ва 12 тонна сабзӣ, ҳамчунин маводҳои тиббию муҳофизатӣ, маҳлулҳои антисептикӣ тақсим карда шуд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода илова кард, ки дар ташкили корҳои бартарафкунӣ ҳамарӯза ба истиснои афсарону сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, инчунин аз 350 то 500 нафар ва 54 техникаи боркашу экскаватор ва дигар воситаҳои техникӣ сафарбар гардиданд.
– Мақомоти давлатӣ дар барқарорсозии манзилҳои зисти харобшуда, инчунин бунёди муассисаи таълимии нав, бунгоҳи тиббӣ, ташкили инфрасохтор ҳамаҷониба мусоидат хоҳанд кард, – қайд намуд Қ. Расулзода.
Сарвазир Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни суҳбат бо сокинони маҳаллӣ таъкид намуданд, ки мақомоти дахлдори давлатӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда минбаъд низ барои дастраснамоии ҳаҷми зарурии масолеҳи сохтмонӣ ба онҳо мусоидат мекунанд ва то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, яъне моҳи сентябри соли ҷорӣ, сохтмони ҳамаи 67 манзили зист бояд ба анҷом расад.
Пасон, дар саҳни бинои МТМУ №13-и ноҳия бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, инчунин роҳбарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Вазорати маориф ва илм, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Саридораи геологияи тоҷик ва масъулони дигар ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҳисоботи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси ноҳияи Хуросон Р. Сафарзода оид ба корҳои анҷомёфта шунида шуд.
Сарвазири мамлакат ба сокинони маҳаллӣ барои фарҳанги баланди таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва мусоидаташон дар бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ миннатдорӣ баён намуд. Аз ҷониби Қоҳир Расулзода ба масъулони ниҳодҳои дахлдор ҷиҳати вусъат додани корҳои барқарорсозӣ, мусоидати ҳамаҷониба ба шаҳрвандони осебдида дар бунёди манзилҳои зист, сохтмони роҳ, бунгоҳи тиббӣ ва муассисаи таълимӣ, таъмини хатти обу барқ ва инфрасохтори зарурӣ дар маҳалли навбунёд дастур дода шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.