spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар даромадгоҳи бозорҳо ҳарорат санҷида мешавад

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо иштироки муовинонаш, раисони ноҳияҳои пойтахт, масъулини сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони бозорҳои пойтахт ҷаласа баргузор намуд.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад, дар ҷамъомад вазъи пандемия вобаста ба сирояти коронавирус ва иҷрои қарори ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавирус дар шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ ва бо дарназардошти тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар қаламрави кишвар,  шурӯъ аз 15 июни соли равон  ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ,  аз ҷумла марказҳои савдо ва бозорҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, ошхонаҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, тарабхонаҳо, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва ғайра  бо таъмини безараргардонии мунтазами муассисаҳои мазкур, назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ,  қоидаҳои  санитарию  гигиенӣ  ва  зиддиэпидемиявӣ ба  фаъолият оғоз  мекунанд.

Дар ин робита махсусан ба раисони ноҳияҳо дастур дода шуд, ки тадбирҳои  пешгирикунандаи сироят аз ҷониби сокинон бо дарназардошти истифодаи  ҳатмии  ниқоб, пешгирии гаштугузор бе ниқоб дар шаҳр ва бе ниқоб ворид шудан ба бозорҳо, безараргардонии шабонаи бозорҳо, инчунин тақсими ниқоб ба сокинон, корҳои пешгирии зиддисӯхторӣ, савдои кӯчагӣ,  истифодаи маводи  безараргардонӣ  дар ҷойҳои корӣ ва ҷамъиятӣ, терминалҳои мусофиркашонӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, махсусан бозору мағозаҳо ва  муассисаҳои табобатию профилактикӣ тақвият дода шавад.

Дар дохили бозорҳо корҳои тозакунӣ, рангубору таъмир ва баровардани партовҳо амалӣ карда шавад, ҳамчунин дар даромадгоҳҳои бозорҳо долонҳои безараргардонӣ ва ҷойҳои шустани даст бо истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ таъсис дода шаванд.

Раис шаҳр таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаҳои гузоштани шахсони мутасаддӣ ва истифодаи ҳароратсанҷи масофавӣ дар даромадгоҳҳои бозорҳо ва ҳамаи нуқтаҳои хизматрасониву тиҷоратӣ, пӯшидани ниқоб аз ҷониби ҳамаи соҳибкорони бозору нуқтаҳои савдои онҳо, насб кардани буклету овезаҳои қоидаҳои риояи беҳдоштӣ дар растаҳо, кашидани хат ва ресмонҳои рангаи масофаи иҷтимоӣ дар ҳамаи дукон ва нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ, дастгирӣ ва мусоидати соҳибкорони инфиродии бозорҳо дар озод намудани пардохти андозҳо дар давраи тиҷорат накардани онҳо ҷалб карданд.

Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута  вазифадор шуданд, ки дар асоси натиҷаи таҳлилии эпидемиологӣ оид ба тадриҷан холӣ шудани муассисаҳои табобатию профилактикӣ ҷиҳати омода намудани муассисаҳои зикргардида ба фаъолияти рӯзмарра ва тахассусӣ дар мувофиқа бо мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ бо дарназардошти мунтазам анҷом додани чорабиниҳои безараргардонӣ чораҳои зарурӣ андешида,  ҷиҳати пешгирии хавфи хуруҷи паҳншавии навбатии сирояти коронавируси COVID-19 тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд ва назорати риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикиро дар ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ таъмин намоянд.

ГАЛЛЕРЕЯ (5)





Раисони ноҳия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр муваззаф гардиданд, ки назорати қатъии риояи қоидаҳои беҳдоштиро дар ҳамаи бозорҳои либос, ошхонаву тарабхона, кошонаи ҳусн, сартарошхона, марказҳои савдо ва мағозаҳои ба фаъолият оғозкунанда пурзӯр намуда, ҷиҳати пешгирӣ намудани баргузории ҳамагуна туйю маъракаҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ дар маҳаллҳо  чораҳои дахлдор андешида, бо мақомоти шаҳру ноҳияҳои гирдуатрофи пойтахт, махсусан ноҳияҳои Варзобу Рӯдакӣ, шаҳрҳои Ваҳдат ва Ҳисору Турсунзода бобати пешгирии бениқоб ворид шудани шаҳрвандон ба пойтахт  ҳамкориҳои самарабахшро роҳандозӣ намоянд.

Ҳамчунин ҷиҳати таъмини фаъолияти корхонаҳои тавлидкунандаи ниқобу маҳлули анисептикӣ, тарбияи мутахассисони варзидаи бемориҳои сироятӣ, тақвияти кори табибони оилавӣ, захираи маводи доруворӣ ва истифодаи минбаъдаи таҷҳизоти зарурии муолиҷаи бемории COVID-19   дастурҳои мушахас дода шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...