spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ёвари президент омодагии Мастчоҳро ба ташрифи сарвари давлат санҷид

Ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 9 июн ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ аз ноҳияи Мастчоҳ боздид намуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, онҳо бо сохтмони мактабу кӯдакистонҳо, толори варзишӣ, бинои маъмурии ҲХДТ дар ноҳия, Маркази адлия, майдони Парчами давлатӣ, монументи “Пахта” ва навсозии боғи фарҳангиву фароғатӣ шинос шуданд.

Гуфта мешавад, онҳо инчунин бо ҷараёни сохтмони Қасри фарҳанг ва Варзишгоҳи замонавӣ дар маркази ноҳия аз наздик шинос шуда, иттилоъ дода шуд, ки Қасри фарҳанг барои 1 ҳазор ҷойи нишаст бо харҷи беш аз 30 млн сомонӣ ва Варзишгоҳи марказӣ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст бо 11 млн сомонӣ сохта мешавад.

Қобили зикр аст, ки ноҳияи Мастчоҳ ба ҷашни 23-юмин солгарди солгарди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, ки дар Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 27-уми июн ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад, омодагӣ мегирад.

Дар чорабиниҳои ҷашнӣ дар Мастчоҳ раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, аъзои ҳукумат, вакилони мардумӣ, ходимони илму фарҳанг, аҳли ҷомеа ва намояндагони диаспораҳои тоҷикон дар кишварҳои хориҷи дуру наздик ширкат меварзанд.

Дар доираи сафар ба ноҳияи Мастчоҳ президент дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани наздики 30 иншооти нави таъиноти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ иштирок карда, бо фаъолони ноҳия вомехӯрад ва бо дастовардҳои соҳаҳои саноату бахши кишоварзӣ шинос мешавад.

Рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар Маскав байни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 хотима бахшид.

Мувофиқи фармони сарвари давлат ва қонуни қабулшуда аз 22-юми майи соли 1998, ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ яке аз идҳои расмии Тоҷикистон мебошад. Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, 27-уми июн дар ҷумҳурӣ рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...