spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Тағйироти кадрӣ дар сатҳи роҳбарияти Бонки миллӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ

Бо фармонҳои президенти Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз вазифаи муовини якум ва Лола Салимова аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташон озод гардиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тибқи фармони президент Ҷамолиддин Нуралиев боз ба вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шуд.

Ғайр аз ин, бо қарорҳои ҳукумат шахсони зерин аз вазифаҳояшон озод шуданд:

Кроме этого, постановлениями правительства от своих должностей освобождены:

– муовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон Абдуманнон Холиқзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан;

– муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан:

муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Мирсайзод бо сабаби ба кори дигар гузаштан:

– муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Илёсиддин Камолитдинзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан;

– муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Абдусалом Мирзозода бо сабаби ба кори дигар гузаштан;

– муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан;

– ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт» Маҳмуд Шоҳиён.

– муовини сардори Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон Фирдавс Ҳаётзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан.

– роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” Фирдавс Олимзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан.

Бо қарорҳои дигари ҳукумат таъин шуданд:

– Нигина Ализода – муовини аввали вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Асадулло Ҳакимзода – муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Шараф Каримзода – муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Рухшона Насриддинзода – муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Шаҳноза Нодирӣ –  муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Алишер Ализода – муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Манучеҳр Шарифзода – муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...